Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Вера Запрягаева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вера Запрягаева
Запрягаева Вера Ивановна
Таърихи таваллуд 1912(1912)
Таърихи даргузашт 1994(1994)
Кишвар
Фазои илмӣ гиёҳшиносӣ
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Дӯстии халқҳо ордени «Нишони Фахрӣ»

Запрягаева Вера Ивановна (1912—1994) — гиёҳшинос, доктори илмҳои биология (1965), профессор (1969), узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1978), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1972), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника (1977).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи шуъбаи ғоибонаи факултаи географияи Институти давлатии педагогии Душанбе (ҳоло ДДОТ; 1945). Лаборант (1932 −1935), ходими хурди илмии Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС (1935—1941), директори Стансияи набототи кӯҳии Варзоб (1941—1967), мудири шуъбаи рустаниҳо (1967—1978), директори Боғи наботот (1978—1980) ва мудири лабораторияи Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон (аз 1980). Ибтидои солҳои 90 аз ҷумҳурӣ кӯчидааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вера Запрягаева дар бораи наботот ва дендрофлораи ҷангали Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон пажӯҳиш анҷом додааст. Ӯ рустаниҳои мевадеҳи худрӯи Тоҷикистонро омӯхта, исбот кард, ки алҳол дар кӯҳҳои Помиру Олой ҷараёни ташаккули рустаниҳо ба охир нарасида, дар ин мавзеъҳо фарқи байни рустаниҳои мевадеҳи худрӯй ва боғӣ чандон зиёд нест. Вера Запрягаева ба таҳқиқоти бисёрсолаи дар Стансияи ботаникии кӯҳии Варзоб, лабораторияҳои Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон, хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ анҷомдодаи худ, инчунин ба таҷрибаҳои аҳолии таҳҷоӣ такя намуда, бори аввал дар Осиёи Марказӣ исбот кард, ки шароити табиии кӯҳсори Тоҷикистон барои боғу токдорӣ ва ҷангалпарварӣ мусоид аст. Саҳми Вера Запрягаева дар ҳалли масъалаи аз ҷиҳати илмӣ асосноки дар Тоҷикистон бунёд намудани боғҳои чормағзу писта низ арзанда мебошад. Вера Запрягаева барои дар шароити кӯҳсор парваридани тамашк, шаҳтути заминӣ ва бектошӣ таҳқиқоти зиёд бурда, баҳри сабзкории шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ рустаниҳои гуногуни ороиширо тавсия додааст. Дар ин самт зиёда аз 130 таълифоти илмӣ дорад.

Ордену ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо, «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

  • Дикорастущие плодовые Таджикистана. М.-Л., 1964;
  • Лесные ресурсы Памиро-Алая. Л., 1976;
  • Районы озеленения Таджикистана // Таблицы к проектированию земных насаждений в Таджикистане. Д., 1978;
  • Лесные ресурсы Таджикистана и их охрана//Охрана природы Таджикистана. Д., 1980.
  • Вера Ивановна Запрягаева. Д., 1982.
  • Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Д. : Дониш, 2011. — 216 с.