Jump to content

Вера Расторгуева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вера Расторгуева
Таърихи таваллуд 23 май (5 июн) 1912 ё 5 июн 1912(1912-06-05)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 3 ноябр 2005(2005-11-03)[1] (93 сол)
Кишвар
Фазои илмӣ эроншиносӣ[2], тоҷикшиносӣ, забонҳои эронӣ[2] ва тоҷикӣ[2]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Ордени Дустӣ

Вера Сергеевна Расторгуева (тав. деҳаи Сторожевские Хутораи вилояти Тамбови Империяи Русия, 1912 — 2005) — забоншиноси шӯравӣ ва рус, эроншиностоҷикшинос, доктори илми филологӣ, профессор. Асосгузори лаҳҷашиносии муосири тоҷик, ташкилкунанда ва аввалин мудири бахши забонҳои эронӣ дар Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Фарҳангистони улуми Русия (АИР), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, кавалери ордени Дӯстӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1938 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст.

Пас аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ вай дар Ленингради муҳосирашуда, аз соли 1942 дар эвакуатсия дар Тоҷикистон, дар Донишгоҳи Тоҷикистон дарс мегӯяд.

Аз соли 1945 то соли 1953 дар Донишгоҳи давлатии Маскав, аз соли 1953 то 1960 — ҳамчун мудири кафедраи филологияи эронӣ дар Донишкадаи забонҳои шарқии Донишгоҳи давлатии Маскав дарс додааст.

Соли 1964 рисолаи докториро ҳимоя кардааст.

Корҳои асосӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. 1964.
  • Грамматический очерк таджикского языка // Русско-таджикский словарь. 1949.
  • Белуджский язык // Языки народов СССР. Т. 1. М., 1966 (лит.);
  • Исаев М. И., Расторгуева В. С. Выдающийся советский иранист-осетиновед (Васо Абаев) // Осет. филология. Орджоникидзе, 1977. Вып. 1.
  • Расторгуева В. С. Сравнительно-историческая грамматика западноиранских языков: Фонология / Отв. ред. д-р филол. наук В. А. Ефимов; Рецензенты: д-р филол. наук Д. И. Эдельман, канд.д-р филол. наук Е. Н. Шарова; Институт языкознания АН СССР. — М.: Наука, 1990. — 256 с. — 1 000 экз. — ISBN 5-02-010982-7.
  • Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков. М.: Вост. лит., 2000-2011-. (начат, издано 4 тома; при жизни автора вышли первые два)