Jump to content

Википедиа:Мақолаи пешнаҳодӣ ҳафта/2015/39

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кайҳоншиносӣ (аз юнонӣ: κοσμολογία) илмест, ки фазои берунаро бо парвози киштиҳои кайҳонии одам ва роботдор таҳти омӯзиши худ қарор медиҳад. Ихтирои муҳаррикҳои ракетавии бо сӯзишвории моеъ коркунанда дар аввали асри 20 имконият дод, ки омӯзиши кайҳон амалӣ гардад. Он аз илми астрономия, ки ҳазорсолаҳо боз аз замин истода кайҳонро меомӯзад, фарқ мекунад. Мақсади ниҳоии кайҳоншиносӣ тараққӣ додани омӯзиши коинот ва ба ҳам муттаҳид сохтани халқҳо барои маҳфуз мондани насли инсоният мебошад.

Омӯзиши кайҳон аксари вақт чун воситаи сиёсӣ дар раванди Ҷанги Сард истифода мешуд. Давраи аввали омӯзиши кайҳон мусобиқа барои соҳиб шудан ба коинот байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд. Ба фазо баровардани аввалин радифи маснӯи Замин Спутник-1 аз тарафи ИҶШС дар 4 октябри 1957 ва нишасти Аполлони амрикоиён ба Моҳ дар 20 июли 1969 канорҳои марҳилаҳои ин давра буданд. Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои аввал пешсаф буд. Дастовардҳои он парвози нахустини инсон Юрий Гагарин ба кайҳон дар киштии Восток соли 1961, ба фазои кушоди коинот баромадани Алексей Леонов дар соли 1965 ва сар додани истгоҳи кайҳонии аввалин Салют-1 мебошанд.

бештар...