Jump to content

Википедиа:Мақолаи пешнаҳодӣ ҳафта/2015/41

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тоҷикистон (порсӣ: تاجیکستان , ҳати ниокон: تاجیکستان) кишваре дар Осиёи Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон (порсӣ: جمهوری تاجیکستان ) ва пойтахташ шаҳри Душанбе аст.

Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.

Тоҷикистон кишваре кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони кониву об дорад. Ин кишвар ба дарёҳои озод дастрас надорад.

Паҳноварии ин кишвар 143 100 км мураббаъ (195-ум дар ҷаҳон) аст ва бино бар додаҳои саршумории соли 2013 дар Тоҷикистон 8 000 700 тан бошанда буда, ки 79,9 дарсад аз онҳо тоҷик, 15 дарсад ӯзбек 12.2% (2010), 1,3 дарсад қирғиз, 1 дарсад русу укроинӣву тотору ғайра ҳастанд. Бештари мардуми Тоҷикистон эронизабон (порсизабону помиризабон) ва мусулмон (суннимазҳабон: ҳанафиҳо 97%, шиъамазҳаби исмоъилӣ тақрибан 2%) ҳастанд.

бештар...