Jump to content

Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/26

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Имоми Аъзам Абу Ҳанифа (арабӣ: الامام الاعظم) "Имоми Бузург" Нӯъмон бин Сабит Зута бин Моҳан (арабӣ: النعمان بن ثابت‎), машҳур бо номи Абу Ҳанифа, (арабӣ: أبو حنيفة‎) (699 — 767)/ 80 — 148 асосгузори мазҳаби Ҳанафӣ.

Дар шаҳри Куфа дар оилаи тоҷири бодавлати абрешими эронӣ (аз эронониёни мавалӣ) таваллуд шудааст,ва эҳтимол, ягона писари волидайн буд Бобояш исломро дар даврони халифа Умар ибни ал-Хаттоб қабул кардааст. Абу Ханифа маорифи умумӣ ва иллоҳиро дар Куфа гирифтаааст. Дар байни  муаллимону мударрисонаш саҳобагони паембар Муҳаммад низ буданд. Вақте Абу Ханифа 22 сола буд, ӯ  шогирди олими ироқӣ Ҳаммада ибни Абу Сулаймон гардид  дар маҳфили ӯ 18 сол то ба марги устодаш таҳсил намудааст ва сипас худи ӯ  ин маҳфилро дар давоми даҳ сол роҳбарӣ кардааст, ва ба ин васила ҳамчун фақеҳи боэтибори Куфа ва Баср Дар 16 солагӣ Абу Ҳанифа якҷоя бо падар ба зиёрат, ҳаҷ ва ба зиёрати оромгоҳи паёмбар Муҳаммад ба Мадина рафтааст Дар он ҷо ӯ, Абдулло ибни ал-Ҳариса (яке аз саҳобагони паёмбар)-ро дид ва аз он суханони паёмбар Муҳаммадро шунид,   бештар...