Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/36
Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ИҶШС (русӣ: СССР) соҳибистиқлол шуд. Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябр — "Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷашн гирифта мешавад. Иди Истиқлолият яке аз идҳои асосии расмии давлати Тоҷикистон аст.
Таърих
[вироиши манбаъ]Дар охири солҳои 80-ум муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии ҷумҳурӣ барои истиклолияти Тоҷикистон сар шуд. 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон, бори аввал "Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ" (ИҶШС) қабул шуда буд. Вале ин ҳуҷҷат, истиқлолияти комили мамлакатро пурра таъмин карда наметавонист.
Пас аз "табадуллот"-и бебарори Кумитаи давлатии вазъи фавқулода (КДВФ - русӣ: ГКЧП), ки коммунистони тундрав (русӣ: КПСС) 19-21 августи соли 1991 дар ш. Москва ташкил намуданд, аз нав муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии Тоҷикистон барои истиқлолияти комили Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ авҷ гирифт. Гирдиҳамоиҳои серодам дар ш. Душанбе ва баъзе шаҳрҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардиданд, ва эълон намудани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекарданд. Бо талаби тазоҳуркунандагони гирдиҳамоиҳо дар Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.
9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати "Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"- ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард. (бештар...)