Jump to content

Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/8

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хуш омадед ба Исфараи Бостонӣ!

Исфара форсӣ: خجند‎ - дар шимоли Тоҷикистон, дар Вилояти Суғд (Ленинобод) ҷойгир шудааст. Номи аввали ин шаҳри зебоманзар Асбара буд. Ин шаҳри зебоманзар бо вилояти Боткони Кирғизистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Дар Исфара беш аз 40 намояндагони миллатҳои гуногун умр ба сар мебаранд. Шаҳрчаҳои хурд ба монандаи Нафтобод ва Шӯроб дар дохили ҳамин ноҳия ҷойгир шудаанд. Аз Исфара то Конибодом 30км мебошад. Исфара таърихи бою рангин дорад. Яке аз қадимтарин шаҳрҳост. Дар ибтидо Асбара, Аспраха, Истпари, Истфаро, Испара ном доштани он ривоятҳо мавҷуданд. Шаҳр бо номи Исфара нахустин маротиба дар асари «Таърихи Табарӣ» (асри Х) зикр шудааст. Дар ибтидои асри ХХ дар шаҳрак 38 масчид амал мекард, ки 11- тои он дар охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ бунёд ёфтаанд.

Соли 1929 ба ҳайати ҶШС Тоҷикистон дохил шуда ва соли 1952 номи шаҳрро гирифт.(бештар...)