Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2017/30
Абдул Қодир Бедил (туркӣ: Mirza Abdülkadir Bîdil) ё Бедили Диҳлавӣ (порсӣ: مرزا عبدالقادر بیدل ) шоир, насрнавис, файласуф ва мутафаккири Турки Ҳиндустон. Номи шоир Абдулқодир буда, Бедил тахаллуси адабиаш ба шумор меравад. Маънои Бедил - "дилдода", "дилбохта", "ошиқ ба зиндагӣ ва инсонҳо", "ба маҳбуба" ва билохира "ба Худои мутаол" аст. Дар қарнҳои минбаъда услуби сабки Бедилро ҳамзамононаш омӯхта ба ӯ унвони фахрии Абулмаонӣ, яъне падари маъниҳоро муносиб диданд.
Зиндагинома
[вироиши манбаъ]Мирзо Абдул Қодири Бедил шоир, насрнавис, файласуф ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон буда, дар байни форси Осиёи Миёна ва Афғонистон шӯҳрати бузург дорад. Бедил дар эҷодиёти худ умдатарин қисмати осори бадеӣ ва ҳунари адабии шоирони форсӣ аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ ва андешаҳои адабию фалсафии Саноию Аттор, Ҷалолиддини Румӣ ва Ибни Арабиро таҳлил намудааст. Фалсафаи бостонии Эрони Қадим, Юнону Ҳинд ва араб ба инкишофи ақидаҳои адабию фалсафи замина гузоштаанд, ки дар натичаи бардошт аз дастовардҳои гузаштагон Мирзо Абдулқодир Бедил афкори фалсафии хешро кави намуд. Ахли илму адаб Бедилро бо унвони Абулмаонӣ ёд мекунанд, ки ифодаи падари маънихоро дорад. Падар ва бобои Мирзо Абдул Қодир Бедил аз Тоҷикони атрофи Самарқанд буда, дар замони мазҳабии хонҳои ӯзбек ва Сафавиёни Эрон тарки ватан карда, рӯ ба Ҳинд овардаанд.(бештар...)