Jump to content

Бедил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абдулқодир Бедил)
Мирзо Абдулқодири Бедил
форсӣ: مرزا عبدالقادر بیدل
Ном ба ҳангоми таваллуд: Абдулқодир
Тахаллусҳо: Бедил
Номи пурра Абулмаъонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил
Таърихи таваллуд: 1644[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 5 декабр 1720(1720-12-05)[2]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Самт: тасаввуф
Забони осор: форсӣ[3][4]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мирзо Абдулқодири Бедил (форсӣ: میرزا عبدالقادر بیدل‎; 1644[1], Azimabad[d][2]5 декабр 1720[2], Деҳлӣ[2]) — шоир, насрнавис ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон, яке аз нобиғаҳои назми форс-тоҷик. Аҳли илму адаб Бедилро бо унвони Абулмаонӣ ёд мекунанд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ватани гузаштагонаш Хуф (канори шаҳри Нишопур) ном мавзеи Хуросон мебошад. Тибқи маълумоти тазкираи «Миръоти воридот»-и Вориди Теҳронӣ (таълифаш соли 1734) силсилаи насаби Бедил ба охирин подшоҳи сулолаи музаффариёни Форс шоҳ Мансур (1384-93) мерасад. Баъди аз тарафи амир Темур (1370—1405) забт гардидани Хуросон авлод ва аҷдоди Бедил ба Мовароуннаҳр омада, дар ин сарзамин зиндагӣ кардаанд. С. Айнӣ ба таркиби номи Бедил ва хешовандонаш илова гардидани калимаи «Мирзо»-ро далели сардори бузург будани яке аз гузаштагонаш донистааст. Дар замони хунрезиҳои мазҳабии хонҳои ӯзбек ва Сафавиёни Эрон падар ва бобои Бедил, ки аз мардуми балдаи Самарқанд буданд, тарки ватан карда, рӯ ба Ҳинд овардаанд. Гузаштагони Бедил аз сипоҳиён буданд ва Бедил низ сипоҳизода аст. Бедил дар оилаи Мирзо Абдулхолиқ ном марди сипоҳӣ ба дунё омадааст. Падараш Мирзо Абдулхолиқ маншаи суфиёна дошт, орифи вораста ва аз ҷиҳати ақида пайрави тариқаи қодирия буд. Ба пири ин тариқат Абдулқодири Гелонӣ дилбастагии маънавӣ дошт. Аз ин сабаб номи фарзанди худро Абдулқодир гузошт. Бедил дар 4-солагӣ аз падар ятим монда, тарбияи модари хушсаводашро гирифт ва дар 5-6-солагӣ ба мактаб рафт. Дар 7-солагӣ Қуръонро аз ёд карда қории мураттаб гардид. То 10-солагияш забони модарияш банголӣ (урду), санскрит, туркӣ, сарфу наҳви форсӣ ва арабиро омӯхта, ба мутолиаи осори назму нас-ри форс-тоҷик машғул шудааст. Истеъдоди шоирияш аз 10-солагӣ зоҳир гардид. Бедил дар айёми ҷавониаш, ки ҳисси шеъру шоириро амакаш Мирзо Қаландар дар дили ӯ бедор карда буд, ба шеър гуфтан пардохт. Рубоии зеринро ӯ дар замони шогирд буданаш ба яке аз ҳамдарсонаш бахшидааст:

Ёрам ҳар гоҳ бар сухан меояд,
Бӯи аҷабеш аз даҳон меояд.
Ин бӯи қаранфул аст ё накҳати гул,
Ё роиҳаи мушки Хутан меояд?!

Баъди вафоти модараш тарбияи Бедилро амакаш ба уҳда гирифт. Мирзо Қаландар марди сипоҳӣ буд, бо тақозои хидмати ҳарбӣ зуд-зуд макони зисташро иваз менамуд ва Бедилро ҳамроҳаш мебурд. Бо ташвиқи амакаш Бедил ба худомӯзӣ гузашт. Илмҳои мутадовилаи замон ва тасаввуфро аз шайх Камоли Биҳорӣ ном олим, тафсиру ҳадис ва адабиёти арабро аз тағояш Мирзо Зариф дар шаҳри Патна (то соли 1661) омӯхтааст. Мирзо Қаландар дар ташаккули афкори адабии Бедил нақши муҳим бозидааст. Дар маҳфили амаки Бедил Мирзо Қаландар донишмандон, аҳли дину ойинҳои гуногун иштирок доштанд. Бедил дар суҳбатҳои мазкур аз ҳар кадоми онҳо барои худ дарс меомӯхт. Шоҳфозил аз дигар устодони Бедил дар адабу шеъри форсӣ ва тасаввуф буд. Ошноӣ бо афроди мазкур донишу биниши Бедилро тавсиа бахшиданд. Бедил ба сурудани шеър ба тахаллуси «Рамзӣ» пардохт. Вақте ӯ «Гулистон»-и Саъдиро мутолиа мекард, аз маънавиёти ботинии Шайх Саъдӣ ба ваҷд омада, ба яке аз мисраҳои шеъри ӯ — «Бедил аз бенишон чӣ гӯяд боз?», дил баст ва тахаллуси «Рамзӣ»-и худро ба «Бедил» иваз намуд. Ақидаҳои адабию фалсафии Бедил аз ду сарчашма (эронӣ ва ҳиндӣ) шодоб гардидаанд. Дар 16-солагӣ бо таъсири дини илоҳӣ (сулҳи кул) ба илму дониш ва тариқатҳои мухталифи динӣ майл кард. Дар 17-солагӣ ҳамроҳи тағояш Мирзо Зариф бо мақсади тиҷорат ба вил. Орисса (ҷан. Ҳиндустон) сафар карда, бо шоирон ва орифони намоёни садаи 17 Шоҳмулук, Муллодарвеш Волаи Ҳиравӣ, Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ (ваф. 1673) ва ҳокими вил. Орисса Саййидмаҳмуд Хонидаврон Якка Озод шинос шудааст. Ин ашхоси фозил ӯро ба сурудани шеъри ошиқонаву ирфонӣ таблиғ намуда, зарофатгӯиро ба ӯ омӯхтанд. Бедил дар назди олим ва рӯҳонии машҳур Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ се сол дониши худро такмил дода, баъди аз Орисса ба Патна баргаштан ба ошкоро шеър гуфтан оғоз кард. Дар ин рӯзҳо Мирзо Зариф ва Мирзо Қаландар пайи ҳам аз олам гузаштанд. Бедил дар 21-солагӣ ба роҳи зиндагии мустақил ва ба пояи нави фикрӣ қадам гузошт.

Бедил зодгоҳи худро тарк намуда, соли 1665 ба Деҳлӣ рафт ва бо Шоҳкобулӣ ном маҷзуби ҳиндинажод шинос шуда, ба тариқати маҷзубия (тариқати тасаввуфӣ) майл кард. Мирзо Қаландар ҳангоми дар зодгоҳаш будан Бедилро ташвиқ намудааст, ки аз илми «ҳол» ба илми «қол» гузарад ва ҳақиқатро дар «нусхаи дил» бозгӯяд. Бедил комилан бо ин кор дар Деҳлӣ дода шуд ва дар осораш воқеан ба таҳлили афкори ирфонӣ ва рушди он пардохт. Бедил ки то замони ба Деҳлӣ омадан дар муҳити афроди суфимашраб тарбия ёфта буд, дар Деҳлӣ низ пеш аз ҳама бо шахсони маҷзуби қаландармашраб хӯ гирифт. Ӯ бештари ҳаёти худро дар ин шаҳр гузаронд ва мувофиқи маълумоти маъхазҳо ба диг. шаҳрҳои Ҳиндустон, инчунин ба Кобул сафар кардааст. Муаммои илми сеҳр ва амалиёти соҳирии Шоҳкобулӣ Бедилро чанд маротиба дар ҳайрат гузошт. Бедил бо нерӯи тавонои ақл асрори ин илмро кашф кард. Шоир баъди бо Шоҳкобулӣ мулоқоту муносибат кардан тарзи ҳаёти худро дигар карда, дарвешона мезист. Пас аз ҳар суҳбат Шоҳкобулӣ ногаҳон ғайб мезад ва Бедил дар ҷустуҷӯи ӯ меафтод, ба умеди дидор шаҳрҳову вилоятҳоро давр зада, дар дашту саҳро, кӯчаву вайронаҳо умр мегузаронд. Ин ҳол то соли 1669 идома ёфт. Бедил аз унсурҳои илми сеҳр дар эҷоди бадеӣ истифода кардааст, вале пояи ақидаи Шоҳкобулиро олами руъё андешаву фаҳмиши фалсафии худро олами бедорӣ ва огоҳӣ медонад. Бедил дар 25-солагӣ хонадор шудааст. Барои таъмини маишати зиндагӣ ба хидмати Мирзо Сулаймон (ваф. 1679) ном амир дохил шуда, то соли 1671 бо ӯ буд. Баъд яке аз мулозимони Муҳаммад Аҳмадшоҳ (писари сеюми Аврангзеби Оламгир (1658—1707) гардида, то соли 1674 дар шаҳри Акбаробод дар вазифаи доруғаи кӯфтагархона (корхонаи аслиҳасозӣ) хидмат кард. Соли 1675 бо даъвати Аъзамшоҳ ба шаҳри Лоҳур рафта, бо сипоҳиёни ӯ ҳамроҳ шуд. Ӯ солҳои 1675-76 дар Лоҳур ва Ҳасанобод зиндагӣ кардааст. Ҳамроҳи Аъзамшоҳ ба Аҳмадободи Гуҷарот рафт ва то солҳои 1678-79 он ҷо буд. Хидмати сипоҳигарии Бедил, ки касби падарии ӯ буд, то 1685 идома ёфтааст. Бедил дар дарбори Аъзамшоҳ ҷамъ 15 сол хидмат карда, сазовори рутбаи понсадӣ гардид. Вале ба табиати озодихоҳӣ ва маъниҷӯии Бедил муҳити дарбор он қадар созгор набудааст.

Эй басо маънии равшан, ки зи ҳирси шуаро
Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли ҷоҳ аст.
В-эй басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ
Рӯсиёҳии абад аз мадҳи амиру шоҳ аст...
Силамуштоқи гадотабъ зи мазмуни баланд
Гар ҳама пой бар афлок ниҳад, дар чоҳ аст!

Бо вуҷуди носоз будани муҳити дарбор, Бедил бо чанде аз ҳокимону амирони замони хеш, ки дар тӯли 77 соли умр замони 11 подшоҳро дидааст, робитаҳои дӯстона дошт. Дар васфи подшоҳони асраш Шоҳиҷаҳон, Аврангзеб, Баҳодуршоҳ, Фаррухсияр, Ҷаҳондоршоҳ, шоҳзодаҳо Аъзамшоҳ, Акбаршоҳ, Комбахш, амирону вазирон Шукруллоҳхони Хофӣ, Оқилхони Розӣ, Чинқиличхон, Зулфиқорхон, Муҳаммадшоҳ ва диг. чанд қасида, ғазал ва қитъаи таърихӣ гуфтааст. Баъдан се маротиба подшоҳи Ҳиндустон Аврангзеби Оламгир Бедилро ба дарбор даъват кардааст, аммо бо назокат ва хоксорӣ Бедил ин даъвати подшоҳро рад намудааст. Дар натиҷаи зиддиятҳои мутаассибонаи мазҳабии Аврангзеби Оламгир (ҳукмр. 1658—1707) вазъи сиёсии пойтахт ноамн гардида, дар музофотҳо шӯриш ба амал меомад. Бедил дар сурати маҷзуб ба Лоҳур (Панҷоб) рафт. Ҳамроҳи дӯсташ орифи машҳури он замон Мирзошариф ба Кашмир, Мултон, Сарҳинд, Ҳасанобод, Акбаробод ва ғайра саёҳат карда, бо олимон, шоирон, донишмандони мусулмону ҳинду суҳбатҳои илмию адабӣ орост. Дар ин ҷо «Упонишод», «Маҳабҳарата» барин асарҳои илмию динии ҳиндиро мутолиа кард. Зиндагии Бедил то соли 1696 дар шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустон гузаштааст. Аввалин бор Бедил дар соли 1669 хонадор шуда буд. Дар тӯли ҳаёти худ ӯ 4 бор издивоҷ кардааст, вале дар муддати беш аз 50 соли хонадорӣ дар оилаи ӯ танҳо соли 1706 як писар ба дунё омад. Соли 1710 фарзанди ягонаи ӯ аз бемории обила вафот кард ва ба ин муносибат Бедил марсияе навишт, ки байтҳои аввали он чунин аст:

Ҳайҳот, чу барқ парфишон рафт,
К-ошӯби қиёматам ба ҷон рафт.
Гар тобе буду гар тавон, рафт,
Тифлам з-ин куҳна хокдон рафт.

Бедил баъди сафару саёҳатҳои зиёд шаҳри Деҳлиро иқоматгоҳи доимӣ қарор дода, ба тартибу тадвини осор ва таълифу таснифи асарҳои нав машғул шуд. Бедил тамоми асарҳои манзум ва мансурашро дар ҳамин шаҳр ба анҷом расонд. Манзили шоир ба маҳалли ҷамъомади шоирону ошиқон, аҳли фикру зикр ва орифон табдил ёфт. Бедил бо эҷодиёти чандин суханварони давраш Зуҳурӣ, Ҳилолӣ, Зулолӣ, Толиб, Сомӣ, Шайдо ва диг. дар ҳамон замон ошно шуд. Дар маҳфили адабии хонаи Бедил тадриҷан адибон, орифон, бузургони дарбор ва дигарон ширкат меварзиданд.

Бедил рӯзи панҷшанбеи 5 декабри 1720 дар шаҳри Деҳлӣ аз олам даргузашт. Аз рӯи васият ӯро дар мақбарае, ки даҳ сол пеш аз марг дар саҳни ҳавлияш бино карда буд, ба хок супурданд.

То соли 1784-1985 ҳавлӣ ва оромгоҳи Бедил барҷой буданд. Бар асари воқеаҳои таърихӣ ва ҳодисаҳои табиӣ хона ва қабри шоир аз байн рафтанд ва асаре аз онҳо нест. Муҳаққиқон Муҳаммаддовуди Ҳусайнӣ, Шафеии Кадканӣ муътақиданд, ки ҷанозаи Бедил дар саҳни ҳавлиаш муваққатан ба хок супурда шуда буд ва ҷасади беҷони Бедил ба воситаи муридону иродатмандонаш ба хоки Афғонистон (қалъаи Ҳоҷӣ Ривош дар шим. Афғонистон) интиқол дода шудааст. Манзиле, ки дар наздикии Қалъаи калони Деҳлӣ бо номи «Оромгоҳи Мирзо Абдулқодири Бедил» мавҷуд аст, соли 1935 сохта шудааст. Соли 1955 бо ташаббуси сафири кабири Афғонистон дар Деҳлӣ Наҷибуллоҳхон бо маблағи хайрияе, ки аз зиёиёни Афғонистон ҷамъ шуда буд, мазори Бедил аз сари нав таҷдид гардида, ба шакли мақбараи начандон бузург дароварда шуд. Дар пештоқи он чунин катиба вуҷуд дорад: «Оромгоҳи Мирзо Абдулқодири Бедил 1054 ҳ. қ. — 1133 ҳ. қ. Ин бино дар соли 1374 ҳ. қ. бо ионати дӯстдорони афғонии Бедил ба сар расид».

Пас аз вафоти Бедил алоқамандону дӯстон рӯзи фавти ӯро бо номи «Урси Бедил» ёд мекарданд. Ин расм то солҳои 70 садаи 18 идома дошт. Ҳоло ҳамасола дар Эрон Урси Бедил баргузор мешавад. Бо сабаби рӯ ба таназзул овардани нуфузи забон ва адабиёти форсӣ дар Ҳиндустон, аз арсаи ҳаёт дур шудани шогирдону пайравони шоир ва ривоҷу равнақи адабиёти урдузабон таваҷҷуҳ ба осори ӯ кам шуд. Бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба Бедил ба ҷое расид, ки пас аз сад соли вафоташ аз ҳавлӣ ва турбати ӯ ному нишоне намонда буд. Дар Эрон (асрҳои 17-18) ашъори Бедил ба фаромӯшӣ рафт ва дар тазкираи Муҳаммадтоҳири Насрободӣ, ки ба эҷодиёти шоирони ҳамин давр бахшида шудааст, ба ҷуз чанд сатр оид ба аҳволу осори Бедил ва чанд байт аз намунаи ашъори ӯ чизе гуфта нашудааст. Аммо дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна, Деҳлӣ ва Афғонистон шуҳрат ва иззату эътибори Бедил афзуд. Осори ӯ дар доираҳои адабии ин кишварҳо паҳн гардида, пайравон ва мухлисони бешумор пайдо кард. Дар шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳр — Бухорову Самарқанд, Хуқанду Хуҷанд ва ғ. маҳфилҳои бедилхонию бедилфаҳмӣ эҷод шуданд. Ба монанди Шоҳномахонӣ, Маснавихонӣ, ки дар ҳалқаҳои суфия роиҷ буд, ба Бедилхонӣ бо иштироки бедилшиносон ва аҳли адаб таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Дар ин маҳфилҳо шеъри Бедил ба таври шифоҳӣ шарҳу тавзеҳ меёфт. Аҳмади Дониш, Нақибхони Туғрал, Шамсуддини Шоҳин ва даҳҳо шоирону олими дигар дар татаббуи ашъори Бедил ғазал суруданд.

Иқтидори шеърии Бедил бисёр баланд ва табъи ӯ дар шеъргӯӣ аз ҳад зиёд равон ва дар маҳсулдиҳӣ ҳиммати ӯ олӣ мебошад. Агар дар ғазал ҳадди миёнаи шоирони дигар 7 байт ва бисёраш 9 байт бошад, Бедил ғазалҳои 9-байтӣ кам дорад ва бештарини ғазалҳои ӯ 15-байтист. Аз лиҳози мазмун ва мундариҷа шеъри Бедил падидаест, ки бо гузашти вақт доираи нуфузаш васеътар ва қаламрави таъсираш бузургтар мешавад. Худи ӯ фармудааст:

Бедил, таҷаддудист либоси хаёли ман,
Гар сад ҳазор сол барояд, куҳан наям.

Эҷодиёти Бедил таҷассуми марҳалаи нави тамоюли эҳёии адабиёти форс-тоҷик ба шумор меравад. Таҳаввули тозае, ки дар ақоиди ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва фалсафию маърифатии Бедил ба амал омадааст, ба шароити хосси иҷтимоӣ-таърихии давре, ки тағйир пазируфтани асосҳои ҷаҳонфаҳмӣ ва муносибат ба инсонро тақозо мекард, вобастагии қавӣ дошт. Бедил аз ҷумлаи мутафаккиронест, ки дар масоили фалсафию ирфонӣ аз таълимоти мактабу мазҳабҳои гуногуни роиҷ дар Ҳиндустон баҳра бурда, онро бо афкори ирфонии Мавлоною Ибни Арабӣ омезиш додааст. Муршидони рӯҳонии Бедил дар Ҳинд дар ҳалли масоили ирфонию ҷаҳоншиносӣ ба ду гурӯҳ ҷудо шуда буданд. Гурӯҳи аввал, ки ба он шайх Камоли Қодирӣ, Шоҳқосим ва Шоҳфозил дохил мешуданд, таълимоти ваҳдати вуҷуди Ибни Арабиро инкишоф медоданд, гурӯҳи дуюм, ки ба он Шоҳкобулӣ, Шоҳмулук ва Якка Озод мансуб буданд, ба ирфони ҳиндӣ бештар таваҷҷуҳ доштанд.

Назари ин ду гурӯҳ ба таълимоти ирфонии Бедил бетаъсир намонд ва ӯ ҳам таълимоти фалсафию ҷаҳоншиносии Ҳинду Эрони бостон, ҳам назари андешамандони асрҳои миёнаи Шарқро бо ҳам омезиш дода, фалсафаи синкретии худро эҳдо намуд. Он танҳо аз омезиши сода иборат набуд, балки дар натиҷаи таҳлилу таҳқиқи амиқи афкори ирфонӣ ва ҷаҳоншиносӣ ба вуҷуд омада буд, ки дар он ҳам унсурҳои аслии таълимоти ирфонии ваҳдати вуҷуди Аттору Румӣ ва Ибни Арабӣ ҷой дошт ва ҳам абзорҳои маърифатии афкори ҷаҳоншиносии ведоию будоӣ ва ҳатто шаманизми ҳиндуён (силсилаи риёзатҳои мушкили чашм бастан, нафас накашидан, хомӯш нишастан ва ғайра) амал мекарданд. Бедил роҷеъ ба таъсири афкори Аттору Румӣ чунин гуфтааст:

Зи ҷоми Мавлавӣ гар ҷуръаат бахшанд, дарёбӣ,
К-аз ин майхона бӯи таблаи Аттор меояд.

Дар осори Бедил мазмунҳои тозаи орифона ва ташбеҳу истиораҳои зебо хеле ҳунармандона ва бо қудрати махсуси тахайюлу тамсилоти орифона баён шудаанд. Афкори фалсафӣ ва таҷрибаи ирфонии Бедил дар сурудҳояш ишора ба он мекунанд, ки зоту моҳияти илоҳӣ (ки дарки онҳо аз ақл берун аст) оламу одамро мазоҳире медонад, ки тамоми ҳусни Офаридгор дар ин оина тулӯъ ва таҷаллӣ намудааст. Агар мазмуни ин ҳарфҳои Бедилро бо ҳарфҳои сода баён кунем, онро чунин шарҳ додан мумкин аст, ки ҳастии мутлақ дар ибтидо орӣ аз тамоми асмо ва сифот буд. Тибқи тақозои табиати фитрии хеш зоти мутлақ аз ҳолати аҳадият берун омад ва дорои исму сифатҳои хеш гардид. Пайдоиши касрат аз ваҳдат, дар ин ҳолат, дар натиҷаи ошиқ шудани ҳастии мутлақ ба ҳусну ҷамоли хеш сурат мепазирад. Ба ибораи дигар, аз назари тавҳиди ирфонии Бедил ваҳдату ягонагӣ дар он зоҳир мешавад, ки олам ҷилваи Ҳақ ва инсон он оинаест, ки ба тамошои таҷаллии Ҳақ дар олами вуҷуд менигарад. Ин мавҷудот, ба ақидаи ӯ, қоим ба ҳақиқати Ҳақ мебошанд ва бидуни файзи вуҷудӣ, ки Ҳақ ба онҳо мебахшад, мавҷудоти мазкур маҳкум ба фанову нестӣ хоҳанд буд. Ҳамаи мавҷудоту ашёро метавон ҳамчун хаёлу ваҳм тасаввур кард, ки сурати вуҷудӣ доранд ва ҳақиқати ин суратҳои вуҷудӣ ҳастии мутлақ мебошад, ки чашми ғофилон онро ба хубӣ дидан наметавонад. Дар ин бора ӯ мегӯяд:

Чунон аввал, ки ӯро охире нест,
Чунон ботин, ки ӯро зоҳире нест.

Бедил мақоми инсонро дар олами кавну фасод воло медонад, тамоми падидаҳои табиату ҳодисаҳои ҷамъиятро ба инсон вобаста мекунад ва ӯро базре мепиндорад, ки тамоми шоху барги ҷаҳон аз он рустаанд ва қалби инсонро тасхиркунандаи тамоми олами кабир медонад. Ӯ бо ҳамин вазифаҳояш дар Олам азамату барҷастагии хосса дорад. Ӯ на танҳо халифаи Худованд дар рӯйи замин аст, балки олами сағир ва беҳтарин мазҳари Худованд аст, ки бо шинохти худ ва иртиқои нафси хеш ба мартабаи инсони комил мерасад.

Олам варақе зи дафтари инсон аст,
Гардун дуде зи маҷмари инсон аст.
Он дона, ки ҳаст шоху баргаш ба ҷаҳон,
Гулкарда зи ҷайбаш самари инсон аст.

Шоир ягонагии ҳастиро на дар моддиёт, балки дар мавҷудияти рӯҳу модда мебинад. Ин нуқтаи назар дар таълимоти дигар мутасаввифони асрҳои миёна ҷой дошта бошад ҳам, дар таълимоти Бедил бо маънию тобиши хоссе ҷилва намудааст. Эҷодиёти ӯ бештар ба тасвири хулқу сиришти инсон бахшида шудааст. Бар хилофи ҷаҳонбинии исломи рошидӣ, ӯ бо шахсияти инсон ва хусусиятҳои маърифатии ӯ, зиндагии оқилона ва бедор кардани ақлу шуури одамӣ мепардозад ва хостори он аст, ки инсонро аз хоби ғафлат бедор намуда, ба мақсади муайян равона созад ва андешаву ҳикматро барои дарки дурусти олам ягона воситаи муассир арзёбӣ кардааст:

Ман ҳам аз касби илм хурсандам,
Лек бо мақсадест пайвандам,
К-аз усули мадорики ҳикмат,
Оламеро барорам аз ғафлат.

Ормони ахлоқию зебоишиносии Бедил инсони оқилу соҳибтараддуду соҳибфикр, ҳақиқатҷӯву ҳақиқатбин, порсову бомаром мебошад ва чунин инсон дар ҷаҳонбинии мутафаккир бо маҳакки асосии арзиши ҳаёти босаодат ва зиндагии мавзуну ҳамоҳанги башарият ҳамоҳанг шудааст. Аз ин рӯ, уруҷ ё нузули маънавиёти ахлоқии ҷамъият, некӯӣ ё фасоди иҷтимоию сиёсии мамлакат натиҷаи огоҳӣ ё ғофилии худи инсон ба шумор меравад. Бедил дар осори хеш бар зидди зулм ба инсон, ахлоқи бад, разолату қабоҳати замон ва нисбат ба уламои тангназар суханони сахту қабеҳ гуфтааст. Ӯ бо ҳар гуна мудоро бо зулму беадолатӣ зид буда, бовар дошт, ки ҷамъият танҳо ба туфайли меҳнати поку ҳалол ва сарвари боадолат ободу осуда мегардад.

Мақоми инсонро ба дараҷаи баланд гузоштани Бедил аз бовари ӯ ба таълимоти ирфонӣ бархурдор аст, зеро ӯ муътақид аст, ки ҳар як фард билқувва инсони комил аст ва агар ӯ ба тасфияи қалби худ пайваста амал кунад, бо нури ишқ ва чашми дил ҳақиқати азалиро дарк карда метавонад, мақоми ишқ дар роҳи дарки ҳақиқати мутлақ дар эҷодиёти ӯ хеле баланд аст. Эҷодиёти Бедил имрӯз ҳамчун дастуре барои омӯзиши таърихи афкори маънавӣ, махсусан ақидаҳои ирфонию ахлоқӣ ва зебошиносӣ барои ҷавонон ва ҳаводорони адабу илму ҳикмат мебошад.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мероси адабии Бедил иборат аз куллиёти осори манзум ва мансур аст, ки асарҳои зеринро дар бар мегирад: девони ашъор, девони рубоиёт, маснавиҳои «Муҳити аъзам», «Ирфон», "Тӯри маърифат", "Тилисми ҳайрат"асарҳои мансури «Нукот», «Чор унсур», "Ишорот ва ҳикоёт" ва «Руқаот». Девони ашъори Бедил аз анвои гуногуни адабӣ — ғазал, қасида, достон мухаммас, таркиббанд, қитъа, тарҷеъбанд, мураббаву муаммо, луғзу чистон ва маснавиҳои «Танбеҳу-л-муҳаввисин» (210 байт), «Сифати асп» (391 байт), «Сифати фил» (100 байт), «Сифати шамшер» (45 байт) ва «Сифати забону гуфтори маъшуқ» (7 байт) иборат мебошад.

Девони ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қисми аъзами девони Бедилро ғазалиёт ташкил медиҳад. Ғазалҳои Бедил дар баъзе нусхаҳои хаттӣ беш аз 36 ҳазор байт буда, ба сабки ҳиндӣ навишта шудаанд. Мавзӯъ ва мундариҷаи ғазалиёти Бедил бисёр фарох буда, масъалаҳои ҳастишиносӣ, худошиносӣ, худшиносӣ, ҷаҳоншиносӣ, ирфону тасаввуф, ишқ, тараннуми зебоиҳои ҳаёт, тасвири лаҳзаҳои гуногуни зиндагӣ, ситоиши инсон ва таъйиди мақоми он дар ҷамъият, тасвири манзараҳои табиат, васфи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, танқиди норасиҳои ҷамъият, мазаммати хулқи замимаи инсонҳоро фаро мегиранд. Онҳо ғазалҳои ирфонӣ, ишқӣ, фалсафӣ, пандуахлоқӣ, ҳасбиҳолӣ, мадҳӣ ва ғ. мебошанд. Аз лиҳози ҳаҷм ашъори ӯ ба 100 ҳазор байт мерасад, ки то замони мо 70 ҳазори он расидааст. Мазмуну мундариҷаи он дар майлу маслакҳои гуногуни ғоявӣ ифода ёфтааст. Ӯ дар ғазал бештар муътақиди Ҳофиз ва Соиб бошад ҳам, вале пайравии вай хусусияти эҷодкорона дорад. Ғазалҳои Бедил маҳсули давраи муайян ва ҳолатҳои рӯҳии гуногун мебошанд, мазмун ва майлҳои мухталифи ғоявиро инъикос мекунанд. Аз ин ҷост, ки мазмуну маъниҳои як қисми ғазалҳои Бедил тасаввуфӣ мебошанд. Дар қисми дигари онҳо муҳимтарин андешаҳои инсондӯстонаи шоир, мисли мақому мартабаи инсон дар зиндагӣ, имконоти маънавии ӯ ба сӯйи камолот тараннум шудаанд. Девони Бедил бо матлаи зерин оғоз ёфтааст:

Ба авҷи Кибриё, к-аз паҳлуи аҷз аст роҳ он ҷо,
Сари мӯе гар ин ҷо хам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо.

Қасида дар осори ғиноии Бедил мавқеи хос дорад. Дар девони шоир 21 қасида мавҷуд аст. Қасидаҳои Бедил ҷавобия ва мустақиланд. Бедил қасидаҳояшро дар ҷавоби қасидаҳои шоирони маъруф Анварӣ, Хоқонии Шервонӣ, Заҳири Форёбӣ, Саъдии Шерозӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва Урфии Шерозӣ сурудааст. Бедил ба моҳияти жанри қасида ва майлу мавзӯи он аз нигоҳи ормонии «инсони комил» ва талаботи адабӣ-ахлоқии ба худ хос муносибат мекунад. Бедил ба анъанаи қасидасароии адабиёти классикии форс-тоҷик бо тааммул ва таҳқиқ нигариста, пеш аз ҳама мавзӯи аслии қасидаи мадҳиро, ки аз васфи салтанат ва аҳли ҷоҳ иборат буд, намеписандад ва ба ҷойи он вуқӯъгароиро мегузорад. Бинобар ин Бедил ҳангоми таълифи қасидаҳои ҷавобия бар зидди ҷаҳонфаҳмии шоирони маддоҳи дарбор ва рӯҳу райъи худхоҳию манфиатпарастии онҳо баромадааст. Бедил дар қасидае, ки ҷавобан ба қасидаи Анварӣ гуфтааст, майлу нияти шоирони дарборро, ки ба ҳирсу тамаъ ва «даъвои фазилату лофи суханварӣ» асос ёфтааст, сахт танқид намуда, дар уруҷу нузули маънавиёти худ мухтор будани инсон ва имконоти бекарони дар кашфи зиндагӣ ва ҳаёти абад доштаи он бо рӯҳи баланди умедворӣ васф шудааст.

Дар лафзи туст маънии кавнайн мундариҷ,
Баҳри чӣ бар ҳақиқати худ пай намебарӣ?
Оби ҳаёт аз нафасат мавҷ мезанад,
Аммо чӣ суд, к-аз арақи мову ман тарӣ!
Ғофил зи худ мабош, ки чун шамъи офтоб
Иқболи ҳафт маҳфилу нуҳ қасри ахзарӣ!
Кавну макон гулест ба домони ҳимматат,
Худро агар иҳота кунӣ, чархи дигарӣ.
Олам ҳама мусаххари амри замири туст!
Эй бехабар, ту аз чӣ ҳаворо мусаххарӣ?...
Аз ҳеч кас наям силаандеши бешу кам,
Маддоҳи фитратам, на Заҳирам, на Анварӣ.

Бедил дар қасидаи «Саводи аъзам», ки дар ҷавоби «Дарёи аброр» ном қасидаи машҳури Хусрави Деҳлавӣ навишта шудааст, афкори тарбиявию ахлоқии Амир Хусравро, ки дар асоси ҷаҳонбинии динӣ баён гардидааст, аз назари нав мавриди муоина ва мулоҳиза қарор дода, зимнан андешаҳои тозаи худро оид ба инсон ва зиндагӣ ба назм даровардааст:

Ҳусни маънӣ хоҳӣ, аз касби ҳунар ғофил мабош,
Абруи бемӯ бувад, теғе, ки ӯ беҷавҳар аст.
Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор
Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.
Гар ризои Ҳақ тамаъ дорӣ, ба нафъи халқ кӯш,
Ҳар ғизо к-афтад мувофиқ бо бадан, ҷонпарвар аст.
Чун дуруштӣ аз табиат рафт, роҳат фарш ҳаст,
Хоби махмалро ҳамон вазъи мулоим бистар аст.
Ҳирс гирди хеш мегардад ба завқи ҷамъи мол,
Маркази паргори ин гирдоб фикри гавҳар аст.
Эътибороти бузургони ҷаҳон ҳеч асту пуч,
Чун ҳубоб ин ҷо сари бемағз соҳибафсар аст...
Бе такаллуф касби ҳуше кун, ки дар девони роз
Андаке фаҳмидан аз бисёр гуфтан хуштар аст.

Дар осори Бедил мадҳияҳое, ки ба афроди алоҳида бахшида шудаанд, низ дучор мешаванд. Ин гуна мадҳияҳо беғаразона, аз рӯйи самимият ба ёду хотири ёрону дӯстон навишта шудаанд.

Дигар навъҳои дадбӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар девони Бедил як таркиббанд ва як тарҷеъбанд мавҷуд аст. Навъи адабии дигаре, ки дар девони Бедил мавқеи хос дорад, қитъа мебошад. Миқдори қитъаҳои шоир 120 адад буда, хурдтарини он аз 2 байт ва бузургтарини он аз 42 байт иборат аст. Қитъаҳои Бедил ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: маъмулӣ ва таърихӣ. Дар қитъаҳои маъмулӣ маънию мартабаи инсон, кайфиятҳои мухталифи маънавиёти ӯ, танқиди золимон ва аҳли ҷоҳу салтанат, мазаммати шайху уламои мутаассиб, ғамхорӣ ба халқи ситамкаш, ҳодисаҳои рӯзмарраи зиндагӣ ифода гардидаанд. Мавзӯъ ва масъалаҳои қитъаҳои таърихии Бедил ҳодисаву воқеа, мадҳу ситоиш ва панду ахлоқро фаро мегиранд. Дар онҳо таърихи воқеаҳои сиёсӣ, валодати баъзе шоҳзодагон ва фарзандони дӯстону наздикони шоир, таърихи вафоти шахсони маъруф — амирон, шоирон, олимон, пирони тариқат ва ғ. дарҷ гардидаанд.

Бедил дар таърихи адабиёти форс-тоҷик дар эҷоди назм таҳаввулоти тозае ба миён овард. Ин таҳаввулоти эҷодӣ ба беш аз пеш қувват гирифтани ғояи зидди яккатозии табақаҳои заҳматкаши ҷамъият, тағйир ёфтани ҷаҳонфаҳмӣ ва ақидаҳои адабӣ-зебошиносии Бедил зич алоқаманд аст. Бедил ба идомати моҳияти назирасароии адабиёти форс-тоҷик, ки бунёди шеъри он зоҳиран ба шабоҳат ва такрори мавзӯъ, сужет ва диг. воситаҳои адабӣ (мисли назирагӯӣ ба сужети достони «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ) қарор гирифта, дар он асосан муҳит ва вазъи табақаи ҳукмрон ба таври ормонӣ ва хаёлӣ тасвир мешуд, муқобил баромадааст. Инчунин, ӯ тариқи шоҳноманависиро, ки мувофиқи он таърих ва лашкаркашиҳои подшоҳон тасвир мешуд, қатъан рад намудааст.

Девони рубоиёт

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рубоӣ аз маъмултарин шаклҳои шеърии эҷодиёти Бедил аст. Дар қисмати «Рубоиёт»-и осори Бедил беш аз 4000 рубоӣ дарҷ гардидааст. Дар рубоиёти Бедил мазмунҳои рӯзмарраи ҳаёт ва тасвири ашёи муҳит ифода гардидаанд. Порае аз рубоиёти Бедил «Рубоиёти қайди воқеа» ном доранд, ки дар онҳо баъзе воқеаҳои сиёсию таърихӣ ва рӯйдодҳои фарҳангии замони шоир инъикос ёфтаанд. Бедил рубоиҳои худ-ро дар мавриди андеша ё ҳалли муаммоҳои зиндагӣ сурудааст. Доираи андешаи мутафаккир васеъ буда, мушоҳидаву муоянаи амиқи ҳаёти маънавӣ ва иҷтимоию сиёсиро фаро гирифтааст. Чунин ба назар мерасад, ки Бедил дар ин қисмати назми худ аз мактаби рубоисароии Умари Хайём бе таъсир намондааст.

Бедил дар шакли маснавӣ як қатор асарҳо эҷод кардааст. Маснавиҳои бузурги ӯ «Тилисми ҳайрат», «Тури маърифат», «Муҳити аъзам» ва «Ирфон» мебошанд. Инчунин маснавиҳои «Ишорот ва ҳикоёт», «Фараснома», «Никот», «Наргисистон» (ҷавоб ба «Гулистон»-и Саъдӣ) ва ғ. Маснавии «Тилисми ҳайрат» (1669) яке аз асарҳои давраи аввали эҷодиёти Бедил мебошад, ки дар вазни ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф гуфта шуда, аз 3750 байт иборат аст. Бедил андешаҳои худро дар ин асар ба тариқи тамсил ва маҷоз ифода намуда, рӯҳи инсонро ба подшоҳе монанд мекунад, ки аз олами қудс фуруд омадааст. Ҳолати рӯҳонӣ ва ҷисмонии инсонро бо истилоҳоти аҳли тасаввуф таъбир намудааст, ақидаҳои тарбиявию ахлоқиро низ матраҳ кардааст.

Муҳити аъзам

[вироиш | вироиши манбаъ]

«Муҳити аъзам» (1681) маснавиест дар вазни мутақориб ва иборат аз 4500 байт. Ин асар дар навъи адабии соқинома навишта шуда, аз ҳашт боб (давра) иборат аст. «Муҳити аъзам» асари тасаввуфӣ буда, зимни ҳикоятҳо аз рӯзгори аҳли тасаввуф, оид ба тасвири маҷозии асбоби тараб ва созҳои мусиқӣ: май, хум, қадаҳ, қонун, даф, най, чанг, танбӯр ва сифати онҳо маълумот дода шуда, дар ҳикоятҳои тамсилӣ шарҳу баёни онҳо ифода гардидааст.

Тури маърифат

[вироиш | вироиши манбаъ]

«Тури маърифат» (1687) яке аз маснавиҳои завқбахши Бедил буда, муштамил ба 1500 байт аст. Ин маснавиро Бедил ба дӯсташ Шукруллоҳхон бахшидааст. Дар ин асар манзараҳои воқеии кӯҳистони Байрот тасвир шудааст. «Ишорот ва ҳикоёт» аз маснавиҳои мутафарриқаи Бедил буда, аз 1300 байт иборат аст. Онҳо масъалаҳои тасаввуф ва табиатро дар бар мегиранд.

Бедил, инчунин, муаллифи маснавии «Ирфон», рисолаи «Таълифу-л-аҳком» (фолнома) ва ду баёзи ашъор мебошад.

Аз баёзҳо яке мунтахаби абёту рубоиёти худи ӯ буда, баёзи дуюм маҷмӯаи ашъори шоирони дигарро дар бар мегирад. «Таълифу-л-аҳком» ва баёзи аввал то ҳол дастраси муҳаққиқон нагардидаанд. Як нусхаи баёзи дуюми Бедил иборат аз ду ҷилд дар осорхонаи Британия (Лондон) мавҷуд аст. Бедил дар сурудани ашъораш аввал ба сабки хуросонию ироқӣ гароиш дошт ва баъди сафараш ба Деҳлӣ, ошноӣ бо таълимоти «Шанкара», «Маҳабҳарата» ва «Упонишод», инчунин дарки матолиби улуми адабӣ, каломию фалсафӣ ва фақеҳӣ ба сабки ҳиндӣ рӯй овард. Дар илми сабкшиносӣ падидаи сабки ҳиндӣ пурра омӯхта нашудааст. Маликушшуаро Баҳор дар асари худ «Сабкшиносӣ» (иборат аз се ҷилд) навиштааст, ки сабки ҳиндӣ «изҳори фазл» ё худ «фазлфурӯшӣ»-и шоирони форсизабони Ҳинд мебошад. Аз мутолиаи осори Бедил бармеояд, ки сабки ҳиндӣ падидаи тоза дар адабиёт тоҷик аст ва муассиси он Бедил буда, пайравони он дар Ҳинд Шоҳкобулӣ, Шавкат ва диг. буданд. Ин падида баъдтар дар Мовароуннаҳру Хуросон интишор ёфт.

Осори мансур

[вироиш | вироиши манбаъ]

Осори мансури Бедил дар дохили «Куллиёт»-и ӯ омадааст. «Руқаот», «Нукот» ва «Чор унсур» асарҳои муҳимми нас-рии Бедил мебошанд. Дар «Руқаот» мактубҳои Бедил фароҳам омадаанд. Мактубҳо ба номи шахсоне иншо шудаанд, ки бо Бедил робитаи адабӣ ва фикрӣ доштанд. Номаҳоро муаллиф бештар дар ҷавоби мактубҳои дӯстон навиштааст. Мактубҳои мазкур барои муайян кардани муносибати ӯ бо ҳамзамононаш, лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳаёт ва андешааш нисбат ба муҳити зиндагӣ ва ғ. аҳаммияти бузург доранд.

Дар «Нукот» шарҳи дараҷот, мақоми сайру сулук, риёзат, таъбирҳо ва истилоҳоти ирфонӣ, андешаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва фалсафии Бедил баён шудаанд. Ин асар асосан мансур буда, бо порчаҳои бисёри шеърӣ, рубоиёт, ғазалҳо, қитъаҳо, маснавиҳо, мухаммасҳо ва мураббаъҳои мустазод зинат ёфтааст. Аз мундариҷоти гуногунаш маълум мешавад, ки ин асар дар давраҳои гуногуни ҳаёти муаллиф таълиф ёфта, баъд аз он тартиб дода шудааст. Як нусхаи қадими «Нукот», ки соли 1713 китобат шудааст, дар Ганҷинаи дастхатҳои Институти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон ва нусхаи дигар дар китобхонаи Мадрасаи олии Сипаҳсолор (Теҳрон) маҳфуз аст.

«Чор унсур» (1703) бузургтарин асари мансури Бедил буда, зоҳиран асари тарҷумаиҳолист. Бедил дар ин асар аз валодати хеш, даврони кӯдакӣ, воқеаҳои вафоти падар, айёми мактабхонӣ, ҳодисаҳои тарки таҳсил намудани худ нақл карда, ба ин мавзӯъҳо дар бораи устодонаш — шайх Камол, Шоҳмулук, Шоҳяккаи Озод, Шоҳфозил, Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ, амак ва тағояш Мирзо Қаландару Мирзо Зариф таваққуф намуда, дар бораи ҳар кадоме аз онҳо маълумот додааст. «Чор унсур»-ро калиди маърифати ҳама осору афкори Бедил номидаанд. Муддати таълифи ин асар 20 сол давом кардааст. Аз муқаддима, хотима ва 4 бахш (чаҳор унсур) иборат аст. Дар муқаддима баъди ҳамду наът оид ба мақсади таҳрири асар ва мавзӯи дарбаркардаи он сухан рафтааст. Унсури якум: «Абҷади иштиъоли шуълаи мақол ва гармиҳои суҳбати арбоби фазлу камол». Унсури дуюм: «Равоиҳи шукуфтагии баҳори олами мазмун ва насоими файзғаноими фавоиди маълум». Унсури сеюм: «Таровати шабнамистони маротиби мансур ва обёрии нахлистони кайфиёти шуур». Унсури чорум: «Ғуборфишонии бисоти азвари аҷоиб ва зангзудоии оинаи нуқуши ғароиб».

Услуб ва хусусияти ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Осори Бедил дар шаклу услуби мураккабу сарбаста ва ғайри маъмулӣ баён шудааст, ки маънии онро дарк кардану фаҳмидан чандон осон нест. Пӯшидагии маъно, печидагии баён ва мураккабии услуб яке аз хусусиятҳои осори Бедил мебошад. Шоир дар осораш масъалаҳоеро матраҳ кардааст, ки бе доштани донишҳои бунёдии динӣ, бе омодагии қаблӣ фаҳмидани онҳо номумкин аст. Чи тавре ки худи ӯ мегӯяд:

Маънии баланди ман фаҳми тунд мехоҳад,
Сайри фикрам осон нест, кӯҳаму кутал дорам.
                                        ***
Ғунча шав, бӯйи гули тарзи каломам нозук аст,
Бе тааммул нест мумкин, кас ба ин ошно расад.

Мушкилписанд будани услуби Бедил дар замони худаш эътироф шуда буд. Дар ашъори Бедил фикрҳо ба таври амиқ тасвир шуда, таркиботи бадеъ бо мазмунҳои наву тоза мавриди истифода қарор гирифтаанд. Калимаҳо тавре дар шеър мавриди истеъмол қарор мегиранд, ки ақл аз аҷоиботи фикр дар ҳайрат мемонад. Таркиботу мазмунҳои нав дар ашъори Бедил хеле фаровонанд, ки онҳо ҳам аз ҷиҳати равонӣ ва ҳам аз ҷиҳати бадеият ба хонанда таъсиру завқи бадеӣ мебахшанд. Ашъори ӯ, пеш аз ҳама, хусусияти мазмунофаринӣ доранд. Агар ба чунин ибтикор, аз як тараф, қудрату истеъдоди худододи ӯ мусоидат карда бошад, аз тарафи дигар, истифодаи тасвирҳои нодир ва маҳорати фавқулодаи истифода аз санъатҳои бадеӣ боиси барангехтани эъҷози хонанда мегардад. Дар айни ҳол, ибҳомоти муаммогунаи шеър, ба қавли Шафеии Кадканӣ, хонандаро ба дарку дарёфти забони ҳунари шоир ноком мегузорад.

Хусусияти дигари ашъори Бедил истифодаи тамоюлҳои бадеӣ ва ирфонӣ мебошад, ки ҳам дар ғазалҳо ва ҳам дар маснавиҳои ӯ ба мушоҳида мерасад. Дар ашъори шоир аксаран калиди маънии байтҳоро мисраи дуюм ташкил медиҳад ва созгорию ҳамоҳангӣ дар шеър таъмин мегардад.

Бе ту чун шамъе, ки афрӯзанд бар лавҳи мазор,
Хок бар сар кардаему бар сари мо оташ аст.
                                       *** Бо ду олам орзу натвон ҳарифи васл шуд,
Мо ба ҷое хору хас бурдем, к-он ҷо оташ аст.
                                       *** Шохи аз гулбун ҷудо масруфи гулхан мешавад,
Зиндагӣ бо дӯстон айш асту танҳо оташ аст.

Яке аз хусусиятҳои дигари ашъори шоир истифода аз вазнҳои баланду хушоҳанг аст, ки хосси шеърҳои арабӣ мебошад. Ҷалолии Бандарӣ роҷеъ ба ҳамин масъала таъкид карда, ки Бедил дар баҳри комил ва мутақориби мақбузи аслам, ки бо оҳанги ғазалсароӣ созгорӣ надорад, ашъори худро месуруд. Аз ин қабил хусусиятҳо дар шеъри ӯ так-рори қофия дар ғазал, радифҳои тӯлонӣ, душвор ва ҳатто мукаррар, инчунин истифода аз истилоҳоти омиёна ба чашм мерасад. Забеҳуллоҳи Сафо дар бораи сабки ҳиндӣ ва эҷодиёти Бедил гуфта, ки «дар асарҳояш андешаҳои ирфонӣ ва ғиноӣ бо мазмунҳои печидаи шоирона, ташбеҳҳо, таркибҳо, истиораи тахайюлӣ ва таваҳҳумоти пурдомана ва хаёлпардозиҳои дуру дароз ба ҳам омехтаанд ва аз ин роҳҳо каломе ба рангу нигориши тоза ва комилан бадеъ фароҳам омадааст, ки ба куллӣ ба он чи дар девонҳои пешиниён мебинем, мутафовит аст. Бояд гуфт, ки шевае аз шеър, ки назди мо ба „сабки ҳиндӣ“ маъруф аст, дар осори Бедил ба ҳадди муболиғаомезе аз тавсиа расидааст». Чунончи:

Муждаи васли ту шуд ғоратгари осоишам,
Хоб дар чашмам ҳамон ширинии афсона сӯхт.
Вазъи ҳавво ҳеч бар девона таъсире накард,
Бештар ин барқи ибрат хирмани фарзона сӯхт.
Доғи дил шуд роҳнамои кӯҳу ҳомун лоларо,
Сар ба саҳро мезанад, ҳар кас матоъи хона сӯхт...

Бедил дар интихоби иборати рангин, ироаи маънӣ, муҳтавои баён ва бо рамз ифода кардани ҳодиса бо истифода аз мазмунҳои духӯра чи дар матраҳ намудани масоили вобаста ба илоҳиёт, риёзиёт, табииёт ва чи дар ибрози ақидаҳои тиббу нуҷум, таърихи мусиқӣ ва улуми зоҳир яди байзо дошт:

Бедил, ашъори ман аз фаҳми касон пӯшида монд,
Чун иборат нозук афтад, ранги мазмун мешавад.
                                        *** Буруни лафз мумкин нест сайри олами маънӣ,
Ба урёнӣ расидам, то даруни пираҳан рафтам.

Аммо ин услуб ихтирои як худи Бедил набуда, балки он ба анъанаи услуби Бобо Фиғонӣ, Соиб ва дигарон, ки дар адабиётшиносии муосир бо «сабки ҳиндӣ» маъруф аст, қаробати ирсӣ дорад.

Омӯзиши ашъори Бедил

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ашъори Бедил дар асрҳои 18-21 байни аҳли илму адаби тоҷик шуҳрат ёфта, мушкилбаёнияш маҳфилҳои махсуси бедилхонӣ ба вуҷуд овард. Мушкилоти девони ӯ дар тарзи рӯйнавис кардани он ҳам таъсир гузоштааст: котибон девони шоирро бештар бо хатти шикаста ва гоҳе бенуқта нусхабардорӣ кардаанд. Тарзу услуби шеъри ӯ дар байни шоирони ин давраи тоҷик як мактаби алоҳида ба вуҷуд овард. Вале бештар пайравони Бедил моҳияти фалсафию андешаҳои ирфонии мазмуни иҷтимоии таълифоти ӯро дарк накарда, асосан шакли мураккаби ашъорашро тақлид кардаанд. Дар нимаи дуюми садаи XIX Аҳмади Дониш моҳияти ҳақиқии эҷодиёти Б-ро дарк карда, ба шогирду пайравонаш афкори пешқадамонаи ӯро тарғиб намуд. Мунтахаби девони Бедил дар мактабҳои пеш аз замони шӯравӣ ба сифати китоби дарсӣ таълим дода мешуд. Адабиётшиносони замони шӯравӣ осори Бедилро «реализми пантеистӣ» гуфтаанд, аммо осори ӯ дар маҳфилҳо ва доираҳои алоҳидаи динӣ то ҳол омӯхта мешаванд. Аз маҳфилҳои бедилхонӣ бесаводони бедилдӯст баҳра мегирифтанд, ҳофизони халқӣ дар ҷашну маросимҳо ғазалҳои дилнишини Бедилро месароянд.

Бедил дар замони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон шуҳрати ҳақиқӣ ёфт, мазмунҳои амиқи ирфонӣ ва динии осори Бедил ошкор ва дастраси хонандагон гардид. Дар таҳқиқи аҳвол, осор ва рӯзгори Бедил хидмати устод Садририддин Айнӣ, адибон ва донишмандони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон бузург мебошад.

  • Абдулқодири Бедил. Осор. Ҷ. 1-7. Д., 1993—2007;

کلیات بیدل. لکهنو، ۱۸۷۱؛

  • کلیات بیدل. کانپور ۱۸۷۵؛
  • کلیات بیدل بمبی. ۱۸۸۲؛
  • کلیات. جلدهای ۴-۱. کابل، ۱۹۶۵-۱۹۶۱.
  • Айнӣ С. Мирзо Абдулқодири Бедил. Сталинобод, 1954;
  • Амирқулов С. Аҳмади Дониш ва Мирзо Бедил // Масъалаҳои филологияи тоҷик. Д., 1974;
  • Раҳимӣ Б. Ошноӣ бо Бедил. Д., 2009;
  • Сайид Нурулҳақ Ковиш. Инсоншинохтии Бедил (иборат аз ду бахш), Олмон, 2010;
  • Айнӣ Х. Бедил и его поэма «Ирфон». Сталинабад, 1956;
  • Муминов М. М. Философские взгляды Бедиля. Ташкент, 1957;
  • Багоутдинов А. М. Очерки по истории таджикской философии. Сталинобод, 1961;
  • Гулямов М. "Шанкара-Бедил-Шопенгауэр//История философии и современность. Д., 1988;
  • محمد رضا کدکنی، شاعر آینه ها، تهران، ۱۲۷۶؛
  • آوازهای بیدل (تصحیح اکبر بیهدافرید)، تهران، ۱۳۷۴؛
  • خلیل الله خلیلی، فیض قدس، کابل، ۱۳۳۴ هـ. ش