Винилонӣ
Зоҳир
Винилонӣ — а пайвастҳо ворид намудани гурӯҳи винил – CH = CH2, ки дар як зина ба амал бароварда мешавад.
Омилҳои нисбатан муҳимми винилонӣ: атсетилен CH ≡ CH, винилгалогенидҳо CH2 = CHX (Х – галоген) ва винилмагнийбромид (реактиви Норман) CH2 = CH Mg Br. Винилонӣ бо асетилен дар истеҳсоли бисёр моддаҳо кор фармуда мешавад. Чунончи, бо ин роҳ аз спирт, эфирҳои содаи винилӣ, аз кислотаҳои карбон эфирҳои мураккаб (виниласетат) ҳосил мекунанд. Дар аснои винилонии кислотаи сионид акрилонитрил, ҳангоми винилонии хлориди ҳидроген – винилхлорид ва зимни Винилонии худи асетилен – виниласетилен ҳосил мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Винилонӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.