Виқояту-р-ривоя фи масоили-л-ҳидоя
«Виқояту-р-ривоя фи масоили-л-ҳидоя» (ар. وقاية الرواية في مسائل الهداية, маъруф ба «ал-Виқоя») — асари имом Бурҳонушшариъа Маҳмуд ибни Садрушшариъа Аҳмади Маҳбубӣ (фавт тақр. 1275 м.) ба забони арабӣ дар фиқҳи ҳанафӣ.
«ал-Виқоя» мухтасари китоби «ал-Ҳидоя»-и Бурҳонуддини Марғинонӣ буда, тамоми масъалаҳои асосии фиқҳи ҳанафиро ба таври феҳриствор аз ғайри шарҳу эзоҳ ва овардани далелу бурҳон дар бар мегирад. Аз муқаддима дар сабаби таълиф, 55 китоб ва ҳар китобе аз бобҳову фаслҳо иборат буда, ҳамаи бобҳои фиқҳро аз таҳорат сар карда, то хунсо фаро гирифтааст. Муаллиф ин мухтасарро барои наберааш ҳамчун китоби дарсии ибтидоӣ ва барои дар ҳофиза ҳар чи хубтар нигоҳ доштани матолиби асосии фиқҳӣ таълиф кардааст.
Дар давраҳои охир асосан се китоб аз машҳуртарини матнҳо дар фиқҳи ҳанафӣ эътироф шудааст ва дар истилоҳи фуқаҳо мурод аз «матнҳои сегона» ҳамин се китоб мебошад: 1) «ал-Виқоя»; 2) «Канзу-д-дақоиқ»-и Ҳофизуддини Насафӣ (фавт 710ҳ./1310 м.); 3) «Мухтасар»-и Қудурӣ (фавт 428ҳ./ 1037 м.). Аз ин миён «ал-Виқоя» беш аз ҳама мавриди эътимоди фуқаҳо, муҳаққиқон ва толибилмон қарор гирифта, шарҳу ҳошияҳо ва таълиқоти зиёде бар он таълиф шудааст. Бино ба маълумоти Лакҳнавӣ, ин китоб дорои зиёда аз 20 шарҳ ва беш аз 43 ҳошияву таълиқот мебошад. Аввалин шореҳ, муҳаққиқ ва тарғибгари ин китоб набераи худи муаллиф Убайдуллоҳ ибни Масъуд буда, дар асоси он ду китоби маъруфи худ — «Мухтасару-л-Виқоя» ва «Шарҳу-л-Виқоя»-ро таълиф кардааст, ки ҳар ду аз замони таълиф то имрўз ҳамчун китоби дарсии фиқҳи ҳанафӣ — яке дар сатҳи ибтидоӣ ва дигарӣ дар сатҳи мутавассит, маъруфу машҳуранд. Матни «ал-Виқоя» ба забони туркӣ тарҷума ва ба назм дароварда шудааст. Як нусхаи хаттии комил, қадимӣ ва хеле хуби «ал-Виқоя», ки соли 1385 м китобат шудааст, дар Захираи дастнависҳои шарқии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери рақами 1148 маҳфуз аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Виқояту-р-ривоя фи масоили-л-ҳидоя / С. Шаҳобуддинов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.