Бурҳонуддини Марғинонӣ
Бурҳонуддини Марғинонӣ | |
---|---|
араб. ар. برهان الدين المرغيناني | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муҳаддис, фақеҳ, муаллиф, қозӣ |
Таърихи таваллуд: | 12 ноябр 1117 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 29 октябр 1197[1] (79 сол) ё 4 ноябр 1197 (79 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом ва суннӣ |
Самти фаъолият: | фиқҳ |
Устодон: | Наҷмуддини Насафӣ |
Вироиши Викидода |
Бурҳонуддини Марғинонӣ (ар. برهانالدين المرغيناني; 12 ноябр 1117, Марғилон, Узбакистон, Вилояти Фарғона, Риштон[d], Вилояти Фарғона, Ӯзбекистон ё Душанбе — 29 октябр 1197[1] ё 4 ноябр 1197, Самарқанд) — муҳаддис, донишманд ва фақеҳи маъруфи ҳанафии форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Куняи ӯ Абулҳасан, лақабаш Бурҳонуддин, номаш Алӣ ва номи падараш Абӯбакр буда, силсилаи насабаш ба Абӯбакри Сиддиқ мерасид. Ӯ соли панҷсаду ёздаҳ, моҳи Раҷаб, рӯзи душанбе баъд аз намози аср дар шаҳри Марғинони водии Фарғона чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Омӯзиши илми фиқҳро аз назди падараш оғоз намуда, сипас барои такмил намудани илму дониш дар назди фуқаҳои аср амсоли Баҳоуддин Алӣ ибни Муҳаммад ибни Исмоили Исбеҷобӣ, Наҷмуддин Абӯҳафс Умари Насафӣ-муаллифи китоби «Ақидаи Насафӣ», Ҳусомуддин Умар ибни Абдулазиз, Зиёуддин Муҳаммад ибни Ҳусайни Бандиҷӣ, Абӯамр Усмон ибни Алии Байкандӣ, Қивомуддин Аҳмад ибни Абдуррашиди Бухорӣ — падари муаллифи «Хулосату-л-фатово» зонуи шогирдӣ мезанад ва дар натиҷа фақеҳи замони худ мегардад. Донишмандон ва фақеҳони асраш аз қабили Фахруддини Қозихон, Маҳмуд ибни Аҳмад ибни Абдулазиз — муаллифи китоби «Ал-муҳит» ва «Аз-захира», Зайнуддин Абӯнаср Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Умари Аттобӣ, Заҳируддин Муҳаммад ибни Аҳмади Бухорӣ — муаллифи китоби «Фатовои Заҳирия» ӯро азизу гиромӣ медоштанд[2].
Бурҳонуддини Марғенонӣ ба шогирдони зиёде илми фиқҳ омӯхта онҳоро ба камол расониданд, ки аз ҷумлаи онҳо фарзандони ӯ Ҷалолуддин Муҳаммад, Низомуддин Умар, набараи ӯ Имодуддин ибни Абӯбакр, Шамсулаиммаи Кардарӣ, Ҷалолуддин Маҳмуд ибни Ҳусайни Истаравшанӣ мебошанд. Бурҳонуддини Марғинонӣ дар илми фиқҳ, ҳадис, тафсир, ирфон, усул, адаб ва шеър маҳорати бузурге дошт. Ӯ соли панҷсаду чиҳилу чаҳори ҳиҷрӣ ба зиёрати хонаи Худо рафта равзаи Паёмбари Худо (с)-ро зиёрат намуданд.
Бурҳонуддини Марғенонӣ соли панҷсаду наваду се, чордаҳуми зулҳиҷҷа, рӯзи сешанбе дар шаҳри Самарқанд аз дунё даргузашт. Ибни Камолпошшо ӯро аз табақаи асҳоби тарҷеҳ ном бурдаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз Бурҳонуддини Марғенонӣ осори гаронбаҳое ба мерос мондааст, ки баъзе аз онҳо ин ҷо зикр карда мешаванд.
- Ал-бидоя.
- Кифояту-л-мунтаҳӣ.
- Ал-ҳидоя.
- Китобу-л-мунтақо.
- Нашру-л-мазҳаб.
- Ат-таҷнис вал-мазид.
- Маносику-л-ҳаҷҷ.
- Мухтороту-н-навозил.
- Китобун фил-фароиз.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Бурҳонуддини Марғинонӣ – фақеҳи барҷастаи ҳанафӣ. shuroiulamo.tj. Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 17 Январ 2023 санҷида шуд.