Виҷдон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Франсуа Шифляр (1825 — 1901), Виҷдон (Виктор Ҳюго)

Виҷдон - (аз забони арабӣ - дарёфтан, донистан) — яке аз гурӯҳҳои асосии этика, дарки масъулияти маънавии шахс дар назди дигарон ва ҷамъият. Дар ҳаёти ҳаррӯза. Виҷдон дар қаноатмандии маънавӣ ва ифтихор аз рафтори шоистаи худ (виҷдони пок), ё ҳисси норизоӣ аз рафтори ноҳақ, нораво ва номуносиби худ (азоби виҷдон) зоҳир мешавад. Файласуфони антиқа худшиносиро сарчашмаи муҳокимаҳои ахлоқӣ дониста (Суқрот), Виҷдонро ҳамчун сифати табии одамон ва меъёри олии рафтори инсон (Демокрит) меҳисобиданд.

2. Виҷдон - яке аз категорияҳои асосии ахлоқ, дарки масъулияти маънавии шахс дар назди дигарон ва ҷамъият. Дар ҳаёти ҳаррӯза виҷдон дар қаноатмандии маънавй ва ифтнхор аз рафтори шоистаи худ («виҷдони пок») ё ҳисси норизой аз рафтори ноҳақ, нораво ва номуносиби худ («азоби виҷдон») зоҳир мешавад. Файласуфони антиқа худшиносиро сарчашмаи муҳокимаҳои ахлоқӣ дониста, (Суқрот) виҷдонро ҳамчун сифати табиии одамон ва меъёри олии рафтори инсон (Демокрит) мсҳисобиданд. Ҷалолиддини Даввонй, Дбдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш виҷдонро аз сифатҳои олии фард донистаанд. Аз рӯи фаҳмиши материалистони асрҳои 17-18 (Локк, Спиноза, Гоббс ва г.) виҷдон ба муҳити беруна вобастааст, бинобар он виҷдон дар натиҷаи тарбияи шахстагйирхоҳадёфт. Виҷдон, аз як тараф, ба шароити иҷтимоии тарбия ва ҳаёти инсон, аз тарафи дигар, ба хусусиягҳои фаъолияг ва эҳтиёҷоти шахсии вай вобаста аст. Аз ин ҷо виҷцон дар як вақт ҳам шахсӣ ва ҳам ҷамъиятист. Одам дар амалиёти худ ҳамеша ба нидои ботинии виҷдон гӯш медиҳад ва дар айни ҳол маҷ бур аст муҳити берунаро ба инобат гирад. Виҷцон ба дигар категорияҳои этика-вазифа, шараф, адолат, бахт робитаи мутақобила дорад. [1]

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 120