Jump to content

Владимир Святославич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Владимир Святославич
11 июн 980 — 15 июл 1015
Пешгузашта Yaropolk I of Kiev[d]
Ҷонишин Sviatopolk I of Kiev[d]
970 — 988
Пешгузашта Sviatoslav I of Kiev[d]
Ҷонишин Vysheslav[d]

Таваллуд тақрибан 956[1]
  • номаълум
Даргузашт 15 июл 1015[2][3]
Мадфан
Дудмон Rurik dynasty[d]
Падар Sviatoslav I of Kiev[d][4][2][1]
Модар Malusha of Dereva[d][4][1]
Ҳамсар Olava[d], Rogneda[d][5][4][6][…], Malfrida[d], Anna Porphyrogenita[d][7] ва Irina[d]
Фарзандон Vysheslav[d], Izyaslav of Polotsk[d][8], тахм. Sviatopolk I of Kiev[d], Yaroslav the Wise[d], Vsevolod Vladimirovich[d], Svyatoslav Vladimirovich[d][9], Mstislav of Chernigov[d], Boris of Rostov[d], Gleb of Murom[d], Stanislav Vladimirovich of Kyiv, Prince of Smolensk[d], Pozvizd Vladimirovich[d], Sudislav[d], Predslava Vladimirovna[d], Pryamyslava Volodymyrivna[d], Maria Dobroniega of Kiev[d], Mstislava Vladimirovna[d] ва Agatha, wife of Edward the Exile[d]
Эътиқод Slavic religion[d] ва масеҳият
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Влади́мир Святосла́вич (рус.-қад. Володимѣръ Свѧтославичь, тақр. 960 — 15 июли 1015) — князи бузурги Киев аз соли 980.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Писари хурдии князи Киев Святослав Игоревич (964-72). Соли 969 падараш Святослав мулкҳои худро байни писарони калониаш Ярополк (заминҳои музофоти Киев) ва Олег (заминҳои музофоти Древиян) тақсим намуд ва ба Владимир мулки меросӣ ҷудо накард. Бо дархости сокинони Новгород ва дастгирии амакаш Владимир Добриня охири соли 969 В. I С. князи Новгород шуд. Баъди марги Святослав (972) байни бародарон Ярополк ва Олег ҷангу ҷидол авҷ гирифта, бо марги Олег (тахминан 977) анҷомид. В. I С. аз ҳамлаи ногаҳонии лашкари Ярополк ночор сӯйи варягҳо фирор намуд ва Новгород муддате таҳти васояти дастнишони Ярополк қарор гирифт. В. I С. аз дастаҳои сершумори новгородиҳо, варягҳо, словенҳо, кривичҳо лашкари афзун гирд оварда, соли 977 сӯйи Киев ҳаракат кард. Ӯ дар роҳ Новгород ва Полоскро забт намуда, князи Полоск Рогволд (иттифоқчӣ ва падарарӯси Ярополк)-ро кушт. Дар муҳорибаи соли 977 Ярополк шикаст хӯрда, аз Киев фирор намуд ва дертар асир афтода, аз ҷониби варягҳои иттифоқчии бародараш кушта шуд. В. I С. соли 980 князи бузурги Киев эълон гардид. Дар давраи ҳукмронии В. I С. (980—1015) Руси Киев бағоят тараққӣ карда, низоми идоракунии давлатӣ мустаҳкам гардид. В. I С. барои муттаҳид намудани сарзамини славянҳои шарқӣ кӯшиши зиёд намуда, зимни лашкаркашиҳои соли 981 заминҳои ғасбнамудаи полякҳоро баргардонд, соли 982 вятичҳо, соли 983 явтягҳо ва соли 984 радимичҳоро мағлуб сохта, онҳоро ба хироҷдиҳӣ водор кард. Соли 985 печенегҳо ва булғорҳои хонии Булғористони Волгаро дубора тобеъ карда кӯшиш намуд, ки мавқеи худро дар сарҳадҳои ҷанубии мамлакат мустаҳкам созад. В. I С. дар айни ҳол сиёсати дурандешонаи дипломатиро бо Византия ба роҳ монда, хоҳари император Василийи II — шоҳбону Аннаро ба занӣ пазируфт ва дини масеҳиро қабул кард. Робитаҳои тиҷоратиро бо кишварҳои Шарқи Наздик, Осиёи Миёна, мамлакатҳои Наздибалтика, Скандинавия ва ғ. вусъат бахшид. Аз Осиёи Миёна ба Руси Киев бештар матоъҳои қиматбаҳо (абрешим, кимхоб, зарбофт), филиззоти ранга, маснуоти заргарӣ, силоҳи ҷангӣ ва ғ. ворид мешуд. Дар аҳди ҳукмронии В. I С. масеҳият чун динӣ давлатӣ аз соли 988 ҷорӣ гардида, калисоҳои муҳташами ҷомеъ дар Киев, Новгород ва Полоск бунёд шуданд.

В. I С. сарзамини парокандаи славянҳои шарқиро муттаҳид намуда, барои ташаккули нахустин давлати мутамаркази Руси Киев заминаи мусоид фароҳам овард, ки дар аҳди ҳукмронии писараш Ярослав Мудрий (1019-54) ин давлат бағоят нашъунамо ёфт.

  1. 1.0 1.1 1.2 R. N. B. Vladimir, St (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 28. — P. 168.
  2. 2.0 2.1 2.2 Владимир Святой (рус.) // Военная энциклопедияСПб.: Иван Дмитриевич Сытин, 1912. — Т. 6. — С. 433—434.
  3. Исаев Ю. Н. Чувашская энциклопедия (рус.)Чувашское книжное издательство, 2006. — 2567 с. — ISBN 978-5-7670-1471-2
  4. 4.0 4.1 4.2 А. Э. Владимир Святославич (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1892. — Т. VIа. — С. 653—655.
  5. Рогнеда Рогволодовна (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1899. — Т. XXVIа. — С. 883.
  6. Н. М. Рогнеда Рогволодовна (рус.) // Русский биографический словарьСПб.: 1913. — Т. 16. — С. 275—276.
  7. Анна (рус.) // Русский биографический словарьСПб.: 1900. — Т. 2. — С. 154—155.
  8. Изяслав Владимирович (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1894. — Т. XIIа. — С. 894—895.
  9. Куманин Л. Святослав Владимирович (рус.) // Русский биографический словарь / под ред. А. А. ПоловцовСПб.: 1904. — Т. 18. — С. 245.
  • Завитневич В. В., Владимир Святой, как политический деятель. Киев, 1988; Карпов А. Ю. Владимир Святой. М., 1997.


  • Владимир I Святославич / Б. Абдураҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.