Юрий Власов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Власов, Юрий Петрович)
Юрий Власов
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус вазнабардорӣ
Зодрӯз 5 декабр 1935(1935-12-05)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 13 феврал 2021(2021-02-13)[3] (85 сол)
Маҳалли даргузашт
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ю́рий Петро́вич Вла́сов (5 декабр 1935[1][2], Макиивка[d], Вилояти Донетск[1][4][5]13 феврал 2021[3], Маскав) — вазнбардори рус, нависанда ва ходими ҷамъиятӣ; Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС (1959).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Академияи ҳарбии ҳавоӣ ва муҳандисии ба номи Н. Е. Жуковский (1959). Чемпиони ҷаҳон (1959, 1961-63), Аврупо (1959-64), ИҶШС (1959-63) дар вазни сангин. Чемпиони Бозиҳои олимпии 1960: дар як рӯз дар навъи сеҳарба се бор рекорди ҷаҳонӣ гузошт (537,5 кг) ва унвони беҳтарин варзишгари Олимпиадаро ба даст овард. Барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ (1964). Дар маҷмӯъ 29 рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст (1957-67). Солҳои 1987-88 сарвари Федератсияи гимнастикаи варзишии ИҶШС буд.

Осори адабӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Осори адабии Юрий Власов аслан ба мавзӯъҳои равоншиносии шахсият ва варзиш марбут аст. «Пирӯзӣ бар хештан» (1964), «Ноҳияи вижаи Чин» (1972), «Ҳақиқати неру» (1984) аз таълифоти маъруфи ӯянд.

Фаъолияти сиёсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар охири солҳои 80 — миёнаҳои солҳои 90 садаи XX рӯ ба сиёсат овард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]