Войсеховский, Богдан Вячеславович
Таърихи таваллуд | 22 январ 1922 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 21 август 1999 (77 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Mikhail Lavrentyev[d] |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | prometeus.nsc.ru/science… |
Войсеховский Богдан Вячеславович (22 январи 1922, деҳаи Сороки, вилояти Виннитса, Украина — 21 августи 1999, Вирҷинияи Ғарбӣ, ИМА) — механик ва физикдони шӯравӣ, доктори илмҳои физика ва математика (1961), академики АИ ИҶШС (1964) ва АИ Русия (1991).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти муҳандисию физикаи Маскав (1953). Дар соҳаи истифодаи фишори импулсӣ, шарраи моеи баландсуръат, таҷҳизоти гуногуни ҳидродинамикӣ таҳқиқот анҷом дода, дар татбиқи онҳо саҳм гузоштааст. Таҳқиқоти В. дар соҳаи истифодаи ҳодисаи детонатсияи мавҷӣ дар газҳо ва дигар силсилаҳои тарканда ӯро машҳур гардонданд. В. таҷҳизоти истифодаи неруи шамолро ихтироъ кард, ки ба тӯфон устувор буда, барои минбаъд ҷамъ кардани неру ва сохтани манбаъҳои барқароршавандаи он ва обсофкунакҳо замина мегузорад. В. муаллифи зиёда аз 200 асари илмӣ, 2 кашфиёти илмӣ ва зиёда аз 100 ихтироъ мебошад. Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1965). Бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, орденҳои Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 2), «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Структура фронта детонации в газах. Новосибирск. 1963;
- Микромодульная ветроэнергетика. Новосибирск, 1995.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Войцеховский Богдан Вячеславович. Новосибирск. 1982.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Войсеховский Богдан Вячеславович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Зодагони 22 январ
- Зодагони соли 1922
- Даргузаштагони 21 август
- Даргузаштагони соли 1999
- Даргузаштагони ИМА
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо