Вокализатсия
Зоҳир
Вокализатсия (фаронс. vocalisation – овози садонок) — сурудхонӣ танҳо бо овозҳои садонок (бештар бо садоноки «а»).
Тарзи содаи вокализатсия усули сурудхониест, ки аз садонок ё ҳиҷои дорои ду ва ё зиёда садоноки шеърӣ сар карда, то садои борики баланд (колоратурӣ) мебарояд. Ин навъи вокализатсия дар мусиқии вокалӣ хеле маъмул аст. Баъзан асарҳои комил ё қисме аз онҳо вомехӯранд, ки аз аввал то охир ҳиҷои ягон калимаи онҳоро месароянд. Мас., дар «Аллилуйя» («Аллилуйя»-и вокализатсия Мотсарт), «Слава» (дар эпилоги операи «Иван Сусанин»-и М. Глинка). Ба вокализатсия инчунин овозхонии бематн, ки дар асоси як садонок иҷро мешавад, дохил аст. Вокализи М. Равел «Хабанера», «Консерт барои овоз ва оркестр»-и Р. Глиэр аз зумраи чунин асарҳоянд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вокализатсия / Ш. Ҳабибов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.