Михаил Глинка
Глинка Михаил Иванович | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 20 май (1 июн) 1804[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 15 феврал 1857[2][3][4][…] (52 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Сабк | опера, Романс, Мусиқии симфонӣ ва Мусиқии камеравӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Михаил Иванович Глинка (20 май [1 июн] 1804[1], Новоспасское[d], губернияи Смоленск[d][1][5][6] — 15 феврал 1857[2][3][4][…], Берлин[7][8][4][…]) — оҳангсози рус. Асосгузори мусиқии классикии рус, ки бо мушаххас кардани самти асосии рушди он эътибори ин ҳунарро дар фарҳанги ҷаҳонӣ боло бурд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]То 13-солагӣ дар деҳаи Новоспасскоеи Смоленск зиндагӣ карда, навохтани скрипкаро аз Ф. Бём ва фортепианоро аз Ҷ. Филд ва Ш. Майер омӯхт, ба таронаҳои мардумӣ мароқ зоҳир кард ва дар ҳунарнамоиҳои оркестре, ки дар оилаашон буд, ҳузур меёфт ва гоҳе ҳам бо он шарик мешуд. Пас аз омадан ба Санкт-Петербург дар пансиони асилзодагони назди Институти педагогии он ҷо (1818—1822) таҳсил кард, баъдан дастёри муншии Шӯрои роҳҳои мухобиротӣ (1824-28) буд. Дар ҷараёни машғулиятҳо бо мураббиёни пуртаҷриба (Ф. Бём, Ш. Майер, Ҷ. Филд) ва мулоқотҳо бо ҳамасрони номдори хеш (А. С. Пушкин, В. Ф. Одоевский, А. Е. Варламов, А. А. Делвиг, А. С. Грибоедов, В. Михаил Глинка Жуковский, Ф. П. Толстой) мусиқии ӯ ба камол расид. Дар консертҳои ҳаваскорон пайваста ширкат варзида, ба театр мерафт, бо операҳои В. М. Мотсарт, Ҷ. Россини, Л. Керубини ошно шуд. Соли 1829 нахустин таълифоти ӯ — вариатсияҳо бар мавзӯъҳои мардумию маъмул, мусиқии гуногунжанри созӣ, романсҳо (аз ҷумла «Элегия»-и маъруф бар шеъри Е. Баратинский — «Маро беҳуда маозмой», 1825) мунташир гардид. Солҳои 1830—1834 фарҳанги мусиқии Итолиё, Австрия ва Олмонро омӯхт, маҳорати хешро дар фанни композитсионӣ такмил кард. Солҳои 1834—1844 барои Михаил Глинка пурмаҳсултарин буданд. Операи ӯ «Зиндагӣ барои шоҳ» (1836) барои мусиқии рус асри наве боз кард, онро бисёре аз чеҳраҳои фарҳангии рус (аз ҷумла А. С. Пушкин, В. А. Жуковский, Н. В. Гогол) бо шавқ пазируфтанд. Баъд пйесаи симфонии «Валси хаёлот» (1839), оҳанг бар фоҷиаи «Княз Холмский»-и Н. В. Куколник (1840), романсҳои «Дар вуҷуд оташи иштиёқ шуъла мезанад» (1838), «Насими шабонгоҳ» (1839), «Он лаҳзаи марғубро ёд дорам» (1840; ҳама аз ашъори А. С. Пушкин), «Шубҳа», «Бо ту будан чӣ қадар хуш аст» (1840) ва ғ.-ро эҷод кард. Солҳои 1837—1839 роҳбари хори ҳофизони дарбор буд, дарси ҳунари сурудхонӣ медод, яке аз нахустинҳо буд, ки асосҳои методии мактаби сурудхонии Руссияро такмил кард ва кӯшиш намуд, ки донишу таҷрибаи хешро ба дигар ҳофизон низ омӯзонад (С. С. Гулак-Артемовский, Д. М. Леонова, О. А. Петров ва дигарон аз ҷумлаи пайравони номдори ӯянд). Операи Михаил Глинка «Руслан ва Людмила» (1842, аз рӯи либреттои Куколник ва Ширков) агарчи миёни умум ҳамчун шоҳкори мусиқӣ ба комёбӣ пазируфта шуд, аммо доираҳои дарборӣ онро написандиданд ва таҳти фишори онҳо соли 1847 аз репертуари театр хориҷ шуд. Михаил Глинка солҳои 1844-48 дубора ба сафари хориҷӣ баромада, дар Фаронса, Испания, Варшава зиндагӣ мекунад.
Дар Испания сурудҳои мардумиро ҷамъ оварда, фолклор, русум ва суннатҳои маҳаллиро таҳқиқ карда, саранҷом маҷмӯаи «Сабти 17 таронаи мардумии испаниягӣ»-ро (1845-46) ҳамроҳ бо ду увертюраи симфонӣ («Рақси арагонӣ», 1845 ва «Хотирае аз шаби тобистони Мадрид», 1848—1851) таҳия кард. Асари дигари ӯ «Камаринский» (1948), ки дар асоси оҳангҳои мардумӣ эҷод шуда буд, дар шаклгирии усулҳои мактаби симфонии рус нақши бузурге бозид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Финдейзен Н. Глинка, Михаил Иванович (рус.) // Русский биографический словарь — М.: 1916. — Т. 5. — С. 275—290.
- ↑ 2.0 2.1 Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ 3.0 3.1 Архив изобразительного искусства — 2003.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 MGG Online (нем.) — Bärenreiter-Verlag, 2016.
- ↑ 5.0 5.1 Glinka, Michael Ivanovich (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911.
- ↑ 6.0 6.1 Глинка Михаил Иванович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 7.0 7.1 https://books.google.de/books?id=qYw1qSFkcmMC&pg=PA37#v=onepage&q&f=false
- ↑ 8.0 8.1 Grove Music Online (ингл.) — OUP.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Глинка Михаил Иванович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.