Вокзал
Вокзал — маҷмӯи бинову иншоот, ки барои хидматрасонии мусофирон таъйин шудааст.
Дар гузашта (асри 18) вокзал ҳам бино барои мусофирон буду ҳам маркази дилхушию истироҳат (боғи фароғати Vouxholl – Воксхолл дар маҳалли наздишаҳрии Лондон) маҳсуб мешуд. Баъдан калимаи «воксхолл» бо номи вокзал умумият пайдо кард. вокзалҳо мувофиқи намуди нақлиёт, гунҷоиш ва шумораи мусофирон гуногун мешаванд. Мас., автовокзал, аэровокзал, вокзали роҳи оҳан: вокзалҳои баҳрӣ, вокзали дарёӣ ва ғ. Бинои вокзал кассаҳои чиптафурӯшӣ, толори интизорию истироҳат, хонаи модару кӯдак, бағочхона, муассисаҳои тиббию хӯроки умумӣ дорад.
Автовокзали марказии шаҳри Душанбе яке аз калонтарин вокзалҳои ҷумҳурӣ буда, дар он беҳтарин таҷҳизоти техникии замонавӣ насб гардидаанд ва дар як шабонарӯз ба 10 ҳазор мусофир хидмат мерасонад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вокзал // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.