Jump to content

Волоияти қаламрав

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Волоияти қаламрав — яке аз усулҳои идораи ҳудуди давлат, ки дар татбиқи ҳокимияти олии давлат нисбат ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ҳудуди он ифода меёбад.

Волоияти қаламрав қисми таркибии истиқлоли давлат ба шумор рафта, дар ҳудуди як давлат фаъолияти ҳокимияти оммавии давлати дигарро истисно мекунад. Давлат дар ҳудуди худ ҳокимияти олиро ба воситаи низоми мақомоти давлатӣ дар соҳаҳои қонунгузорӣ, иҷроия, маъмурӣ ва судӣ амалӣ менамояд. Волоияти қаламрав дар он низ зоҳир мегардад, ки давлат дар ҳудуди худ, мутобиқи қонун, метавонад нисбати шаҳрвандон воситаҳои маҷбуркуниро истифода барад. Волоияти қаламрави давлат бо ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ низ иртибот дошта, ҳуқуқи мақомоти маъмурӣ ва судӣ оид ба баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои гуногун дар ҳудуди мушаххас дар доираи ваколати ин мақомот сурат мегирад.

  • Раҷабов С. А. Фарҳанги ҳуқуқи байналмилалӣ. Д., 2012;
  • Юридический энциклопедический словарь. М., 1984.