Ворид
Ворид (ар. الوارد — дароянда, фурудоянда; огоҳ; пайк) — дар тасаввуф ҳар гуна маънои ғайбии фараҳангезе, ки бе тафаккуру тадбир ва саъю заҳмати солик бар дили ӯ фуруд омада, солик дар касбу ҳосил кардани он нақше надорад.
Инчунин ҳар он чиро, ки аз дил мегузарад — хоҳ маънои писандида бошад, хоҳ нописанд, ворид меноманд. Ба эътиқоди орифон, воридот се гуна мешаванд: малакӣ, раҳмонӣ ва шайтонӣ. вориди малакӣ соликро ба тоату ибодат вомедорад, вориди раҳмонӣ аз дари лутфу раҳмати маҳз дар қалби солик падид омада, ӯро ба сӯйи маърифат роҳбарӣ менамояд. Чунин ворид дар сурате идома меёбад, ки қалб тавони пазириш ва таҳаммули онро дошта бошад, аммо на ҳар қалб пазирои воридоти паёпай аст. вориди шайтонӣ васвос ва нописанд буда (онро «ҳоҷис» ҳам мегӯянд), солик бояд аз он канораҷӯӣ намояд.
Ба андешаи Ибни Арабӣ («Фусусу-л-ҳикам»), ҳар гоҳ ворид нозил шавад, ҳар чизро ба асли муносиби он мепайвандад, зеро ногузир он фаръе аз асле аст. Асли ҳар чиз куллӣ буда, фаръи он ҷузъӣ ва муносиби он аст. Чунончи, маҳаббати Илоҳӣ фаръест аз навофил, ки банда ба он қиём менамояд. Қиём намудан ба навофил агарчи зоҳиран аз банда аст, аммо дар ҳақиқат камолоти содира аз ҳувияти илоҳия ва зоҳира дар сурати абдония мебошад. Пас, муассир дар нафси амр ҷуз Ҳақ нест. Аз нигоҳи мутафаккир, вориди матлуб он аст, ки сабаби инҳирофи мизоҷ шавад. Ӯ дар бораи сабаби таълифи мусаннафоташ мегӯяд: «Бар ман аз ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу амре ворид мешуд, ки наздик буд маро бисӯзад; худро ба баёни баъзе аз он машғул месохтам. Ва сабаби баъзе дигар он ки дар хоб ё мукошафа аз ҷониби Ҳақ субҳонаҳу ба он маъмур мешудам».
Ҳусайн Воизи Кошифӣ ("Лубби лубоби «Маснавӣ») қабз ва бастро ҳамчун ворид арзёбӣ кардааст. Ба қавли ӯ, «баст воридест аз Ҳақ таоло, ки дар вай ишорате бувад ба қабулу раҳмату унс ва қабз ҳолатест, ки ҳосил гардад аз вориде, ки муаддӣ (расонанда) бошад ба итобу таъдиб (адаб омӯзондан) ва ҳайбат». Аз нигоҳи орифон ворид аз хотир омтар аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷомӣ Мавлоно Нуруддин Абдурраҳмон. Нафаҳоту-л-унс мин ҳазароти-л-қудс. Д., 2013;
- سجادی سیدجعفر. فرهنگ معارف اسلامی. جلد ۴. تهران، ۱۳۶۳ ش.؛
- كاشانى عبد الرزاق. ترجمۀ اصطلاحات الصوفية. تهران، ۱۴۱۹؛
- كاشفي حسين واعظ. لب لباب مثنوي. تهران،۱۳۸۳ ش.؛
- سعيدي گل بابا. فرهنگ جامع اصطلاحات عرفانى ابن عربى. تهران، ۱۳۸۷ ش.؛
- دائرة المعارف فارسي. جلد ۲. بخش ۲. تهران، ۱۳۸۷ ش.؛
- دانشنامۀ دانش گستر. جلد ۱۷. تهران، ۱۳۸۹ ش.ر
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ворид / С. Маҳмадуллоҳ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.