Воронко, Платон Никитович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Воронко, Платон Никитович
Санаи таваллуд:

18 ноябр (1 декабр) 1913

Зодгоҳ:
Санаи марг:

10 август 1988(1988-08-10) (74 сол)

Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

нависанда, шоир, сиёсатмадор

Забони осор:

русӣ ва украинӣ

Ҷоизаҳо:
ордени Ленин Order of the Red Banner Order of the Patriotic War 1st class Order of the Patriotic War 2nd class ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Медали «Барои мудофиаи Москва» Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945"
Мукофоти сталинӣ
Имзо:

имзо

Плато́н Мики́тович Воронко́ (1 декабри 1913, деҳаи Черветчина, губ. Харков, ҳозира ноҳияи Ахтири вилояти Сума — 10 августи 1988, Киев) — шоири украинӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи роҳсозии Харков (1933). Бо роҳхати КМ ВЛКСМ ба Тоҷикистон омад ва дар сохтмони Вахшу Хуҷанд кор кард. Дар ҳамин ҷо шеърҳои нахустинашро иншо кардааст. Солҳои 1938-41 дар Институти адабии Маскав ба номи М. Горкий таҳсил кард. Муаллифи маҷмӯаҳои «Субҳ ба хайр» (1950; Мукофоти давлатии СССР, 1951), «Аз Маскав то Карпат» (1951), «Қарз» (1955), «Обхезӣ» (1971) ва ғ. Ашъори Платон Воронко асосан ба ҷавонон, муборизаи партизанҳои украинӣ, мубориза барои сулҳ, дӯстии халқҳо бахшида шудаанд. Дар баъзе шеърҳои Платон Воронко — «Сабақ» (1974), достонҳои «Тасвири нотамом» (1970) ва ғ. аз шаҳру навоҳӣ ва деҳоти Тоҷикистон ёдоварӣ шудаанд. Мас., дар достони «Тасвири нотамом» аз ш. Хуҷанди солҳои 30 сухан рафтааст. Қаҳрамони асоси ин достон мӯйсафеде ба номи Раҳмат мебошад, ки расми В. И. Ленинро кашидааст. Платон Воронко дар бораи амалҳои қаҳрамонони асарҳои худ ниҳоят самимӣ ва некдилона сухан рондааст. Платон Воронко баъзе шеърҳои шоири тоҷик Мирсаид Миршакарро ба забони украинӣ тарҷума кардааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]