Воситаҳои муҳофизатии мудофиаи гражданӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Воситаҳои муҳофизатии мудофиаи гражданӣ — ашё ва иншооте, ки дар давраи ҷанг ва замони осоишта дар ҳолатҳои фавқулода ҳайати шахсӣ ва аҳолиро аз моддаҳои радиоактивӣ, заҳрнок, бактериологӣ ва зарбаҳои ҳавоию рӯйизаминӣ, обиву зериобии душман ва ғ. эмин медоранд.

Воситаҳо ду навъ мешаванд: фардӣ ва умумӣ. Ба воситаҳои ҳифозати фардӣ ниқоби зидди газ, респиратор, либосҳои махсуси ҳифозатӣ ва баста (пакет)-ҳои зиддикимиёӣ дохил мешаванд (нигар Воситаҳои ҳифозати фардӣ). Воситаҳои муҳофизатии умумӣ барои ҳифзи аҳолӣ, ҳайати шахсӣ, қувваҳои барои наҷотдиҳии аҳолӣ омодашуда, техника ва амвол аз таъсири яроқи қатли ом, инчунин садамаҳо дар минтақаҳои хатарноки кимиёӣ пешбинӣ шудаанд. Ба воситаҳои муҳофизатии умумӣ дохил мешаванд: иншооти муҳофизатии махсус сохташуда, иншооти барои паноҳгоҳ ва гурезгоҳ мувофиқкарда (аз нав таҷҳизонида), паноҳгоҳҳои одӣ. Иншооти муҳофизатии махсус сохташуда гурезгоҳҳои мудофиаи гражданӣ ва аз таъсири радиатсия ҳифзкунанда мебошанд. Иншооти барои паноҳгоҳ ва гурезгоҳ мувофиқкарда (аз нав таҷҳизонида): конҳои кӯҳӣ, ғорҳои табиӣ, метрополитенҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, нақбҳои нақлиётӣ, таҳхонаи иморатҳо ва манзилҳои иқоматӣ, фазои зеризаминии шаҳрҳо. Паногоҳҳои одӣ инҳоянд: сӯрохҳои кушода ё болопӯшида, тоқчаҳо, хандақҳо, чоҳбунҳо, ҷарҳо, блиндажҳои болопӯшида, заминканҳо ва ғ.

Иншооти муҳофизатӣ барои дар вақти ҷанг аз таъсири силоҳи қатли ом муҳофизат намудани аҳолӣ, ҳайати шахсии мақомоти идоракунӣ, марказҳои алоқа ва дигар объектҳо, инчунин дар замони осоишта барои аз таъсири омилҳои дуюми зараровар дар ҳолати офатҳои табиӣ, садамаҳо, фалокатҳо муҳофизат кардани аҳолӣ пешбинӣ шудаанд ва дар замони осоиш бояд барои эҳтиёҷоти хоҷагӣ ва хидматрасонӣ ба аҳолӣ истифода бурда шаванд.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Воситаҳои муҳофизатии мудофиаи гражданӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.