Вофӣ фӣ-л-фурӯъ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Вофӣ фӣ-л-фурӯъ» (ар. الوافى فى الفروع‎) — асари имом Абулбаракот Абдуллоҳ ибни Аҳмад ан-Насафӣ (фавт 1310) дар фиқҳ ба забони арабӣ.

Ин китоб мисли «Ҳидоя»-и Бурҳонуддини Марғинонӣ яке аз матнҳои мақбул ва муътабари фиқҳи ҳанафӣ маҳсуб мешавад. Муаллиф дар он тамоми масъалаҳои фиқҳии китобҳои «Ҷомеъу-с-сағир», «Ҷомеъу-л-кабир» ва «Зиёдот»-и имом Муҳаммади Шайбонӣ, «Мухтасар»-и Ҳокими Шаҳид ва «Назму-л-хилофиёт»-и Наҷмуддини Насафиро оварда, баъзе масъалаҳои дар фатово ва воқеоти фуқаҳои баъдина ҷойдоштаро низ ба он илова кардааст. Дар китоб номҳои муҷтаҳидон ва марҷаи масъалаҳо бо аломатҳои рамзӣ ёд шудаанд: Абуҳанифа бо ҳарфи «ҳо», Абуюсуф бо ҳарфи «син», Муҳаммади Шайбонӣ бо ҳарфи «мим», Зуфар бо ҳарфи «зо», имом Шофеъӣ бо ҳарфи «фо», имом Молик бо ҳарфи «коф» ва ривоятҳои дар фатово ва воқеоти дигар фақеҳон омада бо ҳарфи «вов». Баъдан муаллиф бар матни ин китоби худ бо номи «ал-Кофӣ» шарҳи муфассале навиштааст. Аз шореҳони дигари ин китоб Баҳоуддин Абулбақо Муҳаммад ибни Аҳмад ал-Маккӣ (фавт 1450) мебошад, ки бар матни «Вофӣ фӣ-л-фурӯъ» ду шарҳ таълиф кардааст: яке мухтасар ва дигаре муфассал. Соҳиби «Хизонату-л-муфтиййин» дар муқаддимаи китоби худ ёд кардааст, ки ӯ низ бо номи «аш-Шофӣ» бар ин китоб шарҳе дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • حاجى خليفة. كشف الظنون عن اسامى الكتب و الفنون. جلد 2.بيروت، 2007

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]