Воҳид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Воҳид (ар. الواحد‎ — як, якто), ал-Воҳид — яке аз номҳои Худованд, ба маънои якка ва ягона, ки ҳамто надорад, қабл аз Ӯ чизе набуда ва ҳукми адад бар Вай ҷорӣ набошад; зоте, ки касрат напазирад.

Воҳид Худои ягонаи ҳақиқист, ки дуввуме барояш вуҷуд надорад, дар сурате ки мавҷудоти дигар яке аз воҳидҳои навъи худ ҳастанд. Исми Воҳид ҳам бо Қуръон (2: 163) ва ҳам бо ҳадиси асмоуллоҳ дар «Сунани Тирмизӣ» (3507) дар радифи 67-ум собит шудааст. Воҳид дар Қуръон дар 6 маврид бо номи дигари Худованд — Қаҳҳор ҳамроҳ омадааст (12: 39; 13: 16; 14: 48; 38: 65; 39: 4; 40: 16).

Ҳастии Ту сурату пайванд не,
Ту ба касу кас ба Ту монанд не.

Низомӣ. «Махзану-л-асрор»

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • ابواسحاق ابراهيم بن السري الزجاج. تقسيم اسماء الله الحسني. دمشق، ۱۹۸۶؛
  • احمد مختار عمر. اسماء الله الحسني: دراسة في البنية والدلالة. القاهرة، ۱۹۹۷؛
  • محمود سليمان سامي. النور الاسمي في شرح اسماء الله الحسني (ترجمۀ فارسي مجتبي دروزي). تهران، ۱۳۸۷ ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]