Jump to content

Воҷибулвуҷуд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Воҷибулвуҷуд (ар. واجب‌الوجود‎ — ҳастии ногузир) — дар ҳикмат он ки вуҷудаш зотӣ ва зарурӣ буда, ба иллат ниёз надорад, адамаш мумтанеъ аст ва мавҷудияташ муҳтоҷ ба ғайр намебошад.

Тамоми воҷиботи олам ё мавҷуд ба зот ва ё мавҷуд ба ғайр ҳастанд. Аз ин рӯ, манзур аз воҷибулвуҷуд Худо ва аз мумкинулвуҷуд тамоми мавҷудоти олами моддию муҷаррад мебошад. воҷибулвуҷуд бояд ғайр аз вуҷуд дигар ҳақиқате надошта бошад, моҳияти он айни инният (ҳақиқати ӯ) аст. Ҳастии оламҳои моддӣ ва муҷаррад ба вуҷуди воҷибулвуҷуд вобаста буда, аз он бармеояд, зеро ҳар мумкинбиззот воҷиббилғайр аст. Пас, воҷиб фоил (фаъол) ва мумкин мафъул (ғайрифаъол) буда, аз муносибати байни онҳо робитаи сабабӣ сар мезанад. Ин робита чун дар ашёи дигар нест, ки мо аввал дар зеҳни худ ҳақиқат ва моҳияти онҳоро тасаввур мекунем, бе он ки вуҷуди хориҷиашонро эътироф намоем, сипас, аз пайи ҷустуҷӯи сабаб барои исботи вуҷуди хориҷии онҳо мешавем.

Файласуфони машшоъ ва мутакаллимон дар пайи шарҳи таносуби воҷибулвуҷуд ва мумкинулвуҷуд ба натиҷаҳои гуногун мерасиданд. Машшоиён муносибати байни воҷибулвуҷуд (Худо) ва мумкинулвуҷуд (олам)-ро ҳамчун робитаи байни сабабу натиҷа шарҳу эзоҳ дода, аз он дар бораи абадияти олам хулоса мебароварданд ва қудрату ихтиёри Худоро ба амри зарурат тобеъ менамуданд.

Мутакаллимон (Муҳаммади Ғазолӣ, Фахруддини Розӣ), бар хилофи ақидаи намояндагони мактаби фалсафии машшоъ, Худоро холиқ ва оламро махлуқ эълон карда, воҷибулвуҷуд-ро на сабаб, балки офаридгори соҳибихтиёри олам мепиндоштанд ва абадияти оламро инкор мекарданд. Дар байни мутакаллимону файласуфон роҷеъ ба масъалаҳои вуҷуби шаръӣ ва зоту сифоти воҷибулвуҷуд ақидаҳои гуногун мавҷуданд. воҷибулвуҷуд аз назари орифон ва намояндагони фалсафаи мутаолиҳа мартабаҳои гуногун (аҳадият, воҳидият ва ғайра) дорад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]