Вуқуф
Вуқуф (ар. وقوف — огоҳ шудан, ҳозир будан) — дар тасаввуф, вуқуфи ададӣ, вуқуфи замонӣ, вуқуфи қалбӣ се асл аз усули ёздаҳгона мебошанд, ки асос ва бинои тариқаи нақшбандияро ташкил медиҳанд. Аслҳои мазкурро Баҳоуддини Нақшбанд ба усули ҳаштгонаи бунёдниҳодаи Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ афзудааст.
Вуқуфи ададӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вуқуфи ададӣ он аст, ки зокир ҳангоми зикр бояд адади фардро риоя кунад. Вай метавонад дар як нафас се, панҷ, ҳафт ва ё бисту як бор зикр гӯяд. Тибқи таълимоти нақшбандия дар зикр бисёр гуфтан шарт набуда, ҳар он чӣ солик мегӯяд, бояд аз сари огоҳӣ ва ҳузур бошад, танҳо дар ҳамин ҳолат фоидаи зикр бештар мешавад. Ба қавли Яъқуби Чархӣ («Унсия»), «Хоҷа Баҳоуддин зикри хуфяро „вуқуфи ададӣ“ гуфтандӣ; ба сабаби мулозимат ва мудовамат бар вуқуфи ададӣ дил зуд зокир мешавад… ва дил чун зикр шавад ва аломоти он зуҳур кунад, баъд аз он ба вуқуфи қалбӣ машғул бояд буд». Баҳоуддини Нақшбанд ҳангоми ба муридӣ қабул кардани Яъқуби Чархӣ ӯро ба вуқуфи ададӣ машғул гардонид ва фармуд: «Аввали илми ладуннӣ ин сабақ аст, ки ба хоҷа Абдулхолиқ расидааст».
Вуқуфи замонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вуқуфи замонӣ он аст, ки зокир ҳамеша ва бардавом муроқиби вақту замон бошад, ки он бо огоҳӣ ва вуқуф гузарад. Ба қавли Баҳоуддини Нақшбанд, вуқуфи замонӣ коргузорандаи равандаи роҳ аст. Ӯ бояд «банди воқифи аҳволи худ бошад, ки дар ҳар замоне сифоту ҳоли ӯ чист, мӯҷиби шукр аст ё мӯҷиби узр» ва «бинои кори соликро дар вуқуфи замонӣ бар соат ниҳодаанд, ки дарёбандаи нафас шавад, ки бар ҳузур мегузарад ё ба ғафлат» («Қудсия», саҳ. 63).
Вуқуфи қалбӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вуқуфи қалбӣ таваҷҷуҳ ба қалб буда, онро ба ду маънӣ шарҳ додаанд. Маънои аввал он аст, ки зокир дар айни зикр воқиф ва ба Ҳақ огоҳ бошад. Хоҷа Аҳрори Валӣ гуфтааст: «Вуқуфи қалбӣ иборат аз огоҳӣ ва ҳозир будани дил аст ба Ҷаноби Ҳақ Субҳонаҳу ба он ваҷҳ, ки дилро ҳеч боисте ғайр аз Ҳақ Субҳонаҳу набошад». Маънои дигар он аст, ки аз дил воқиф бошад. Яъне, зокир ба ҳангоми зикр мутаваҷҷеҳ бошад ба қалби санавбарӣ, ки «ҳақиқати ҷомеа ва мақарри латифаи қалб аст ва нагзорад, ки қалб аз зикр ғофил гардад ва онро гӯё ба зикр гардонад» (ҳамон, саҳ. 64).
Аз нигоҳи Баҳоуддини Нақшбанд мақсуд аз зикр вуқуфи қалбӣ буда, он муҳимтар аз вуқуфи ададӣ ва вуқуфи замонист. Ба қавли Муҳаммади Порсо, сарҳалқаи нақшбандия дар зикр «боздоштани нафас ва риояи ададро лозим намешумурд, аммо риояи вуқуфи қалбиро муҳимтар медошт ва лозим мешуморид» (ҳамон, саҳ. 35). Баҳоуддини Нақшбанд гуфтааст: «Риояти вуқуфи қалбӣ муҳим аст, дар ҳама аҳвол — дар хӯрдану гуфтану рафтану фурӯхтану харидану таҳорат сохтану намоз гузордану Қуръон хондану китобат кардану дарс гуфтану ваъзу насиҳат — бояд ки як чашм задан ғофил набошад, то мақсуд ҳосил ояд»; «ҳузуре ва завқе, ки дар зикри баланд ва самоъ ҳосил мешавад, давом надорад; мудовамат ба вуқуфи қалбӣ ба ҷазаба мекашад ва ба ҷазаба кор тамом мешавад». Ба қавли Яъқуби Чархӣ («Унсия»), солик «чун ба вуқуфи қалбӣ мулозамат намояд, хулосаи он чӣ дар зикр аст, ҳосил шавад ва чашми басират кушода гардад ва боргоҳи дил аз хори ағёр холӣ шавад. Ва зокир дар баҳри фано маҳв шавад ва ба шарафи мазкурӣ ба муқтазои „Фазкурунӣ азкурукум“ („Пас Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам“. Қуръон: 2: 152) мушарраф шавад ва ба ҳукми ваъдаи „Намегунҷонад Маро замини Ман ва осмони Ман, валокин мегунҷонад Маро дили бандаи муъмини Ман“ (ҳадиси қудсӣ) ҷамоли султони иллаллоҳ таҷаллӣ кунад ва дигар солик аз исм ба мусаммо машғул шавад».
Дар тариқати нақшбандия ба вуқуф эътибори махсус дода шуда, риояи пайваста ва доимии онҳо таъкид гаштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Осори мунтахаби Хоҷа Аҳрор ва пайравонаш. Д., 2004;
- Маҳмадулоев С. Мавлоно Яъқуби Чархӣ. Зиндагӣ, осор ва афкор. Д., 2013;
- عبدالرحمن جامی. سررشتۀ طریقۀ خواجه گان. کابل، ۱۳۴۳هـ.؛
- محمد پارسای بخارائی. قدسیه. کلمات بهاء الدین نقشبند. تهران، ۱۳۵۴ ش.؛
- محمد فضل. عمدة المقامات. کابل، ۱۳۵۵هـ.؛
- میا فقیرالله جلالابادی. طریق الارشاد لتکمیل المؤمنین و الاولاد. کابل، ۱۳۵۹هـ.ر
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вуқуф / А. Муҳаммадхоҷаев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.