Jump to content

Габриэл Гарсиа Маркес

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Габриэл Гарсиа Маркес
исп. Gabriel García Márquez
Ном ба ҳангоми таваллуд: исп. Gabriel José de la Concordia García Márquez
Таърихи таваллуд: 6 март 1927(1927-03-06)[1][2][3][…]
Зодгоҳ: Аракатака, Магдалена, Колумбия
Таърихи даргузашт: 17 апрел 2014(2014-04-17)[4][5][1][…] (87 сол)
Маҳалли даргузашт: Мехико, Мексика
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: румоннавис, қиссанавис, рӯзноманигор, намоишноманавис, нависанда, ношир, шоири вакил, зиндагиноманавис, филмноманавис, насрнавис, публисист, television writer, филмноманависи синамо, коргардони филм, ҳунарпешаи телевизиюн
Солҳои эҷод: 19472009
Забони осор: испониёӣ[5][6][7]
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Габриэ́л Хосе́ де ла Конко́рдиа «Гáбо» Гарси́а Ма́ркес[8] (исп. Gabriel José de la Concordia «Gabo» García Márquez [ɡaˈβɾjel ɡarˈsia ˈmarkes]; 6 марти 1927[9], Аракатака — 17 апрели 2014, Мехико[10]) — нависандаи колумбиягӣ, яке аз поягузорони романи ҷадид дар Амрикои Лотинӣ, устоди «реализми ҷодуӣ» (Magic Realism), филмноманавис, ношир, рӯзноманигор ва арбоби сиёсӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ таҳти таъсири падарбузурги низомияш, ки шахсияти озодихоҳ буд ва дар ҳар ду ҷанги дохилии Колумбия ширкат дошт, огоҳии сиёсӣ пайдо кард. Аз соли 1946 ба таҳсили риштаи ҳуқуқ дар донишгоҳи Богото пардохт. Нахустин ҳикояаш соли 1947 ва нахустин повесташ соли 1951 бо номи «Хазон» мунташир шуд ва дар ин повест тимсоли шаҳраки Макондоро офарид, ки зодгоҳаш Аракаткаро ба ёд меовард. Соли 1955, пас аз он ки аз шуғли адвокатӣ даст кашад, ба ҳайси мухбири г.-и «Эл Эспектадор» ба Аврупо (Рум) меояд. Дар Рум вай ҳам кор мекарду ҳам шогирди курси коргардонии Маркази таҷрибавии кинематография буд. Сипас ба Порис кӯчид. Табаддулоте, ки ин айём дар ватанаш рух дод, ӯро ночор намуд, ки дар пойтахти Фаронса бимонад.

Дар повести Габриэл Гарсиа Маркес «Ба полковник касе наменависад» (1961) таъсири сабки Э. Хемингуэй эҳсос мешавад. Қаҳрамони ин асар (тимсоли хосси падарбузурги Габриэл Гарсиа Маркес) танҳоиро аз сар мегузаронад. Кори нуктасанҷонаи адиб бар рӯйи сабку сохтори ин повест (Габриэл Гарсиа Маркес ин асарро 11 бор бозпардозӣ кардааст) онро ба як шоҳкори Габриэл Гарсиа Маркес табдил кард.

Габриэл Гарсиа Маркес дар романи «Соати шум» (1966) ва маҷмӯаи ҳикоёти «Маросими дафни модарбузург» (1962), дар канори мавзӯи танҳоӣ, баҳси хушунатро, ки фосидкунандаи шахсият аст, рушд дод. Ба Габриэл Гарсиа Маркес романи «Сад соли тан-ҳоӣ» (1967) — ривояти чандҷабҳаӣ, ки суннатҳои устура, эпос, романи оилавӣ ва дигар анвои адабиро ба ҳам мепайвандад, шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Муваффақияти густарда ва таъсири адабии ин асар ба ҳадде расид, ки рӯзномаи «Ню-Йорк Таймз» дар тавсифи он навишт: «Аз замони интишори китоби „Офариниш“ то ба имрӯз ин аввалин асари адабӣ аст, ки тамомии башарият бояд онро бихонад». Таърихи шаш насли қабилаи Буэндио — сокинони маҳаллоти гармсеру дурафтодаи Макондо, ки дучори ҳамлаи ба истилоҳ тамаддун гашта буданд, таърихи Амрикои Лотинӣ ё худ, ба таври умум, таърихи башариятро бозтоб мекунад. Тағйиру дигаргун шудани насли Буэндио ин таҷассуми тағйири давраҳо дар такомули донишу биниши инсон аст. Дар ин роман замон на ҳамчун пешомади сарбастае аз лаҳазот, балки ба унвони як воҳиди кулл хидмат мекунад, воқеъият дар устура фурӯ меравад, мавҷудиятҳои хориқулодаи шигифтангез табдил ба воқеъияти рӯзмарра мегарданд, қаҳрамонони роман бо мурдагон дар робита мешаванд ва ҳеч эҳсоси ваҳшату тарс намекунанд. Ин ҳама аз аркони аслии ин роман буда, дар назари хонанда Амрикои Лотинӣ бо кулли асрору муъҷизаҳояш намудор мегардад. Ҳарчанд нависандаи бритониёӣ Антони Павел ин китобро «бадтарин навъи лаффозиҳои худписандонаи як омманавис» тавсиф карда, вале китоби «Сад соли танҳоӣ» ва дигар осори Габриэл Гарсиа Маркес, ки пешрави як сабки тоза аз достоннависиии реалистии нав буд, дар саросари ҷаҳон ба истиқболи хеле васеъ рӯбарӯ шуд. Тамоми нусхаҳои чопи аввали «Сад соли танҳоӣ» ба забони испаниягӣ дар ҳамон ҳафтаи аввал комилан ба фурӯш рафт. Дар сӣ соле, ки аз чопи аввали ин китоб гузашт, беш аз 30 млн нусхаи он дар саросари ҷаҳон ба фурӯш рафта, бо 105 забон тарҷума шудааст.

Габриэл Гарсиа Маркес пас аз навиштани мақолае дар мухолифат бо давлати Колумбия ба Аврупо табъид шуд. Вақте ки китоби ғайридостонии «Сафари махфиёнаи Мигел Литин ба Чили»-ро дар соли 1986 навишт, ҳукумати диктатории генерал Пиночет 15 ҳазор нусхаи онро оташ зад. Габриэл Гарсиа Маркес муаллифи маҷмӯаи новеллаҳои «Достони боварнакарданию ғамангези Эрендиро ва модарбузурги сангдилаш» (1972), романҳои «Тирамоҳи падарсолор» (1975), «Гузориши як марг» (1981), «Ишқи солҳои вабо» (1985), «Генерал дар ҳазор тӯйи худ» (1989) «Хотироти руспиёни ғамгини ман» (2004) ва ғ. аст. Соли 1972 сазовори ҷоизаи байналмилалии ба номи Ромуло Галйегос гардид. Ҳамчунин барандаи мукофоти Нобел (соли 1982, барои романи «Сад соли танҳоӣ») аст. Бунёди Нобел дар баёнияи худ ӯро «шуъбадабози калом ва басират» тавсиф кард.

Тарҷумаи осор ба забони тоҷикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бархе аз асарҳои машҳураш ба забони тоҷикӣ тарҷумаву нашр шудаанд (романи «Хазони умри одамхудо», баргардони Ӯ. Кӯҳзод, соли 1983; се асари ӯ — «Сад соли танҳоӣ», «Ба полковник касе наменависад» ва «Одами хеле пире, ки болҳои бузург дорад» дар як маҷмӯа, соли 2011, баргардони А. Абдуҷаббор).

  1. 1.0 1.1 Gabriel García Márquez (исп.)
  2. Echevarría R. G. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  4. http://www.latintimes.com/gabriel-garcia-marquez-dies-famed-colombian-author-and-nobel-laureate-dead-87-pneumonia-166280
  5. 5.0 5.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  6. Чешская национальная авторитетная база данных
  7. CONOR.Sl
  8. Габриэл — ном, Гарсиа Маркес — номи хонаводагӣ
  9. ГАРСИА МАРКЕС Габриэль // Энциклопедия Кольера. — Открытое общество. — 2000.
  10. Габриэль Гарсиа Маркес скончался в Мексике, РИА Новости (17 апрели 2014). Бойгонӣ шудааст 5 марти 2016  сол. Проверено 17 апрели 2014.
  • Земсков В. Б. Г. Гарсиа Маркес: Очерк творчества. М., 1986;
  • Папоров Ю. Н. Гарсиа Маркес: путь к славе. СПб., 2003;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2008.