Гавҳар Мухторова
Гавҳар Мухторова | |
Таърихи таваллуд | 17 феврал 1961 (63 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Гавҳар Мухторова (тав.17.02.1961, ш.Душанбе) — омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (2006), дотсент (2010).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1979–1981 дар Омӯзишгоҳи тиббии №2 ш. Душанбе таҳсил кардааст. Солҳои 1981–1985 мураббии кӯдакистони №5 ш. Душанбе буд. Солҳои 1985–1990 дар факултети индустриявӣ-педагогии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1990–1993 ассистенти кафедраи механикаи техникӣ ва нақшакашии донишкадаи омӯзгорӣ, 1993–1996 аспиранти донишкадаи мазкур буд. Солҳои 1996– 2000 ҳамчун муаллими калони кафедраи методикаи таълими меҳнат, 2001–2008 муаллими калони кафедраи методикаи таълими соҳибкории донишгоҳи омӯзгорӣ кор кардааст. Ҳамзамон солҳои 2004–2007 методисти шуъбаи ғоибонаи факултети технологияи донишгоҳи мазкур буд. Аз соли 2010 ҳамчун мудири кафедраи методикаи таълими соҳибкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Муаллифи зиёда аз 40 мақола ва маводҳои таълимию методӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои тайёрии касбии хонандагон дар ҷараёни таълими технология мавриди омӯзиш қарор додааст. Бо ифтихорномаҳои донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Корҳои амалӣ аз «Геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ», қ. 1. (воситаи таълимӣ), Д., 2003;
- Муқаддимаи ихтисоси омӯзгорӣ (китоби дарсӣ). –Д., 2008; Интихоби касб, Теҳрон, 2009.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 17 феврал
- Зодагони соли 1961
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Занҳо-олимаҳо
- Занон - олимони асри XX