Jump to content

Галагов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Галагов — усуле аз майда карда ба коҳ табдил додани ғаллапоя ва ё омода намудани лой ба воситаи ҳайвоноти корӣ[1].

Галагов бо истифода аз 6-8 барзагов иҷро мешавад. Барзаговҳоро бо банди дарозе аз гарданашон мебастанд ва дар хирман ба болои дарзаҳои гандум мегардониданд. Баъзан ба ҷойи барзаговҳо аспу хар ё модаговҳоро низ дар галагов истифода мекарданд. Аммо ба инҳо ҳеч гоҳ чапар намебастанд. Баъд аз галагов амали хирманбодкунӣ сурат мегирифт. Ҳангоми вазидани боди мусоид деҳқонон бо курчаки чӯбӣ ё каҷбел гандуми кӯфташударо бод медоданд. Бод коҳи реза-реза шударо паронида дуртар мебурд ва гандумҳояш, ки вазнинтар буд, ба дар ҷояш ба замин мерехтанд. Сипас занҳо гандумҳоро аз ғирбол мегузарониданд. Пас аз тоза шудани гандум аз коҳ маросими чоштбардорон баргузор мешуд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Галагов / Д. Раҳимов // Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ. — Д. : СИЭМТ, 2015—2016.