Галия Рабиева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Галия Рабиева
вакил

Рабиева Галия Рабиевна (2 январи 1954, ноҳияи Рӯдакӣ) — узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, аз 17 марти соли 2005. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Галия Рабиевна 2 январи соли 1954 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст.

Солҳои 1969-1974 Донишҷӯи Институти политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
08-09 соли 1974 Ассистенти кафедраи мошинаҳои барқӣ ва муҳаррики барқии Институти политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1974-1975 Коромӯз-омӯзгори Университети давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1975-1976 Ассистенти кафедраи мошинаҳои барқӣ ва муҳаррики барқии Институти политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1976-1978 Аспиранти Университети давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1978-1980 Ҷонишини котиби комитети комсомоли Институти политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1980-1987 Инструктори шӯъбаи донишҷӯёни ҷавон, мудири сектори иттилоот, ҷонишини мудири шӯъбаи ташкилотҳои комсомолӣ, мудири шӯъбаи дониш-ҷӯёни ҷавони КМ ИҶЛК Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
03-06 соли 1987 Референти калони шӯъбаи илм, техника, муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсуси Мудирияти Корҳои Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1987-1990 Ҷонишини раиси комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе
Солҳои 1990-1991 Ҷонишини раиси Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе
07-08 соли 1991 Сардори шӯъба оид ба корҳои занон ва ҷавонони Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба меҳнат ва тарбияи кадрҳо, шаҳри Душанбе
Солҳои 1991-1994 Сармутахассис, сармутахассиси сектори масъалаҳои кори кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халқи шӯъбаи маъмурию ҳуқуқӣ, сармутахассис, ҷонишини мудири шӯъбаи кори ташкилию инструктории  Мудирияти Корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1994-2005 Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо, шаҳри Душанбе
Солҳои 2005-2015 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2005-2007 Узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот
Солҳои 2007-2010 Узви Кумита оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон
Солҳои 2010-2015 Муовини раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, узви Комиссия экологӣ, роҳбари гуруҳи ҳамкорӣ бо Парлумони Аврупо

нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]