Jump to content

Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ ба номи А. Мирзоеви Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии ба номи А. Рӯдакӣ — калонтарин махзани дастнависҳои шарқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осиёи Миёна ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.

Заминаи ин «Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ» баъд аз ташкил ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон (1924) гузошта шудааст. Ҷамъоварии дастнависҳо аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна, Самарқанду Бухоро ва ғ. пас аз таъсиси Шуъбаи тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1932) ва Китобхонаи ҷумҳуриявии А. Фирдавсӣ (1933) шурӯъ гардид. Баъди дар заминаи Шуъбаи Тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шудани АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951) зарурати дар як муассиса ҷамъоварӣ намудани дастнависҳо ба миён омад. Соли 1953 ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи дастнависҳои ҷамъоваришуда ба ихтиёри АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд.

Аз соли 1958 нигаҳдорӣ ва омӯзиши дастнависҳо ба уҳдаи Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси адабӣ (аз соли 1970 Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2012 Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии ба номи А. Рӯдакӣ (ИЗАШМХ) гузошта шуд. То соли 2015 дар ин «Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ» беш аз 5750 дастнавис, 6880 нусхаи чопи сангӣ, 1300 микрофилм, 400 фотонусха ба забонҳои тоҷикӣ (форсӣ), арабӣ, туркӣ ва яҳудӣ мавҷуд аст.

Дар ин «Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ» инчунин миқдори зиёди руқаот — қитъаҳои хаттотони маъруф, муншаот (номаҳо), санаду васиқаҳо, китобҳои чопи Эрон (эҳдои Сафорати ҶИЭ), рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои солҳои аввали даврони шӯравӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Дар гӯшаи махсус, ки «Захираи ёдгориҳои хаттии Бадахшон» ном дорад, дар «Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ» микрофилм ва акснусхаҳои бештар аз 280 дастнависи дар миёнаҳои солҳои 1959-1963 аз ноҳияҳои мухталифи ВМБК дарёфтшуда, нигоҳ дошта мешаванд.

Қадимтарин нусхаҳои мавҷуд дар «Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ» нусхаи китоби муқаддаси Қуръон (асри 12) бо тарҷумаи таҳтуллафзӣ ба забони тоҷикӣ, дастхати китоби динӣ ба забони русӣ (асри 18), нусхаи асари Абурайҳони Берунӣ «Китобу-т-тафҳим-ли авоили саноати-т-танҷим» (а. 13) ва ду ҷилд китоби муқаддаси «Таврот» ба забони яҳудӣ дар ду сандуқи махсуси доирашакл, ки дар Бухоро дар пӯсти даббоғишуда китобат шудааст ва дарозии он ба чанд метр мерасад, мебошанд.

Дастнависҳои «Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ» дар маҳалҳои гуногуни Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, кишварҳои арабӣ, Синсзяни Чин китобат шудаанд. Дастнависҳои мавҷуд дар «Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ»-и ИЗАШМХ соҳаҳои мухталифи илму дониш, минҷумла таърих, ҷуғрофия, фалсафа, фиқҳ, илоҳиёт, адабиёти бадеӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, мардумшиносӣ, дину мазҳаб, тасаввуф, мусиқӣ, нуҷум, маъданшиносӣ, тиб, байторӣ, варзиш, ҳуқуқшиносӣ, таббохӣ, хуллас тамоми ҷанбаҳои мухталифи илму фарҳангро фаро мегиранд. Тавре ки зикр шуд, теъдоди зиёди китобҳои чопи сангӣ (литография) дар «Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ» мавҷуданд, ки дар Лакҳнав, Бамбай (ҳоло Мумбай), Пешовар, Кашмир ба чоп расидаанд (охири садаи XIX — ибтидои садаи XX), ки дар айни замон як навъ ҳукми дастнавис дошта, дер боз камёфту нодир гардидаанд.

Дар «Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ» инчунин асарҳои зиёде роҷеъ ба таърих, фарҳанги мардуми тоҷик, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нашр гардидаанд, вуҷуд доранд. Дастнависҳои мавҷуд дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ ҳангоми таҳияи матнҳои илмӣ ва интиқодӣ ва илмию оммавии осори адибону донишмандони ниёкони мо аз ҷониби муҳаққиқони Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва донишмандони кишварҳои дигари хориҷӣ истифода мешаванд. Тавсифи дастнависҳои тоҷикӣ-форсӣ ва туркии «Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ» дар 10 ҷилд ба поён расонида шудааст, ки аз онҳо 5 ҷилд (1960-1974) ба табъ расидаанд. Феҳристи дастнависҳои аз ВМБК дарёфтшуда ва феҳристи дастнависҳои мусаввару мунаққаш соли 1967 нашр шудаанд.

Феҳристи нусхаҳои хаттии «Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ» дар чор ҷилд зери назари А. Алимардонов дар Теҳрон (ҶИЭ) ба чоп расидааст. Варианти электронии дастнависҳо бо ёрӣ ва дастгирии «Маркази Ҷумъа-ал-Моҷид оид ба фарҳанг ва мерос» (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Дубай) омода шуда (2009-2012), ин кор то ба ҳол идома дорад. Дар даврони истиқлол Озмоишгоҳи махсус барои тармими дастнависҳо, ки бо таҷҳизоти пешрафтаи муосир муҷаҳҳаз мебошад, ба кор гирифта шуд. «Феҳристи дастнависҳои шарқии аз нигоҳи бадеӣ ороишёфтаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1986) ва «Феҳристи китобҳои чопи сангӣ» (2013) ба чоп расидаанд (Л. Додхудоева).

Дар айни замон мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз шахсони алоҳида харидорӣ намудани китобҳои нодир ҳамасола (аз соли 2009) 20 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад ва дар натиҷа солҳои охир беш аз 500 дастнавис ва китобҳои чопи сангӣ вориди «Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ» гардид. Дар даврони истиқлол сарварони кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Борис Елтсин ‒ Русия, Бурҳониддини Раббонӣ — Афғонистон, Аскар Акаев (Қирғизистон), Рафсанҷонӣ, Хотамӣ (Эрон), инчунин олимони зиёде аз Фаронса, Олмон, Англия ва ИМА, Эрон, Туркманистон ва ғ. дида, бо осори гаронбаҳои халқи тоҷик ошно шуда, аз он истифода кардаанд.

  • Алимардонов А. Ганҷинаи пурарзиши осори хаттӣ // Вопросы памирской филологии, Д., 1985;
  • Алимардонов А. Опыт научного описания памятников восточной письменности и каталогизация фонда восточных рукописей АН Таджикской ССР// Вопросы описания и каталогизации восточных рукописей Южного Урала, Уфа, 1985;
  • Л. Додхудоева. Каталог художественно оформленных рукописей АН Таджикской ССР, Д. 1986;
  • Л. Додхудоева. Каталог литографированных книг, Д. 2013.
  • Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ / А. Алимардонов, И. Мирзоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.