Гараж

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Гара́ж (фр. garage) — утоқ ё ҷоест барои нигоҳ доштан ва баъзан таъмир кардани худрав, мотосикл ва дигар воситаҳои нақлиёт. Онро баъзан дар дохили манзил (ба ҷойи таҳхона, ошёнаи якум), паҳлуи он ё алоҳида берун аз хона ё ҳавлӣ (ба хусус дар наздикии хонаҳои бисёрошёна) месозанд. Гараж аксар вақт аз хишт, чӯб, блокҳои сементӣ, филиз сохта мешавад. Ҳоло барои сарфа кардани истифодаи замин гаражҳои умумии бисёрқабата месозанд ва қароргоҳи алоҳидаи воситаҳои нақлиётро ба иҷора медиҳанд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]