Jump to content

Худрав

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Як худрави Бензи қадимӣ

Худрав (форсӣ: خودرو‎)[1], автомоби́л (аз юн.-қад. αὐτός — худ ва лот. mobilis — раванда) — намуди нақлиёт, воситаи нақлиётии худгарди берелс, ки барои ҳаракат дар сатҳи замин муқаррар шудааст. Воситаҳои нақлиётии дучархаи худгард, инчунин се ё чорчархаи худгард ба худравҳо шомил нестанд.

«Худрав» аз ду бахш сохта шудааст: худ + рав. Мақулаи дастурии ин вожа сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [ҷонишини шахси якум (худ) + асоси феъли замони ҳозираи «рафтан» (рав)] аст. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. аз вожаи фр. «automobile» рӯбардор шуда, аммо сохтвожааш дар забонҳои эронӣ пешинае дерина дорад. Чунончи, баробарҳои вожаи форсӣ: «осиёб»‎ дар забонҳои эронии шарқӣ бо ҳамин шева — аз вожаи порсии бостон: «*xᵛat-» (аз решаи «*hṷa-» ё «*xᵛa-»), яъне «худ» + решаи феълии «*ar-», яъне «орд кардан», сохта шудаанд: «*xᵛat-āraka-» ва ё «*xᵛat-ār(a)na-ka-», яъне «худордкун(ак)». Аз «*xᵛāt-arana-ka-» дар забони суғдӣ «xutarne» падид омада ки дар забони яғнобӣ «xutánna» гаштааст. Аз гунаи «*xᵛat-āraka-» дар забонҳои язгуломӣ «x̊ayérǵ» (аз *xᵛad-yā́rg- < *xᵛat-ā́raka-), рӯшониву хӯфӣ «xadůrǰ», бартангӣ «xаdṓrǰ», рошорвӣ «xаdār(ǰ)», шуғнӣ «xadṓrǰ, xidṓrǰ», сарикӯлӣ «xadurǰ», ишкошимӣ «xьdōri», санглечӣ «xuδāri, xō̌δāri», зебокӣ «xǝdōri», вахонӣ «xыdо́rg, xыδо́rg, xǝdо́rg, xǝδо́rg» падид омадаанд[2].

Таърих ва пайдоиши худрав

[вироиш | вироиши манбаъ]
Honda NSX истеҳсоли Ҷопон

Соли 1752 механики ҳаваскор, деҳқони губернияи Нижегород Леонтий Шамшуренков аробачаи худгардеро сохт, ки бо қувваи пойҳои ду одам ба ҳаракат меомад. Ихтироъкори рус И. П. Кулибин солҳои (1784—1791) фойтуни худгарди се ва чаҳорчархаро сохт, ки дар он як қатор механизмҳо, аз ҷумла қуттии таҳвил, механизми рул, тормоз, подшипникҳои роликиро истифода бурд. Ин механизмҳо минбаъд такмил ёфта, дар худравҳои ҳозира низ истифода мешаванд. Пайдоиши мошини буғӣ барои ихтироъкорони Автомобил имконияти калон ба вуҷуд овард. Солҳои (1769—1770) Ж. Кюнӣо дар Франсия, У. Мёрдок ва Р. Тревитик дар Англия Автомобили буғӣ сохтанд. Ихтироъкорони рус низ лоиҳаҳои Автомобилҳои буғиро пешниҳод карда буданд. Дар охири садаи XIX барои сохтани Автомобилҳои муҳаррикашон электрикӣ (бо энергияи батареяи аккумуляторҳо коркунанда) таҷрибаҳои зиёде гузаронида шуд. Муҳандиси рус И. В. Романов соли 1899 тарҳи фойтуни электрикиро пешниҳод кард. Ихтирои дифференсиал (соли 1828, О. Пеккёр, Франсия), шинаи пневматикӣ (1845, Р. Томпсон, Англия), чархҳои барандаи идорашаванда (1816, Г. Лангеншпергер, Германия) ва ғайра ба инкишофи худравсозӣ таъсири калон расонд.

Ихтирои муҳаррики дарунсӯз худравро чун воситаи нақлиёт маъмул гардонд. Соли 1885 Г. Даймлер (Германия) мототсикли муҳаррикаш бо бензин коркунанда сохт, соли 1886 ҳамватани ӯ К. Бенс барои худрави сечархаи чунин муҳаррикдор патент гирифт. Истеҳсоли асосии саноатии Автомобил пеш аз ҳама дар Франсия равнақ ёфт. Автомобилҳои аввалини Франсия «Панар Левассор» ва «Де Дион-Бутон» солҳои 1890 пайдо шуданд. Соли 1892 Генри Форд (ШМА) аввалин Автомобили худро сохт ва соли 1903 ба истеҳсоли саноатии он оғоз кард. Дар соли 1896 аввалин худрави русӣ сохта шуд. Эҷодкорон инро муҳандису соҳибкор Евгений Александрович Яковлеву устоди кузов Пётр Александрович Фрезе буданд. Аз соли 1909 то соли 1915 дар Рига ва аз соли 1915 то соли 1917 дар Москва худравҳо “Руссо-Балт” бароварда шуданд. Аввалин худрави шӯравӣ АМО-Ф 15 соли 1924 пайдо шуд. Соли 1932 дар CCCР истеҳсоли сериягии худрави ГАЗ-А оғоз ёфт. Аз соли 1894 пойгаҳои худравӣ мунтазам гузаронида мешаванд, ки дар инкишофи худравсозӣ роли намоён бозид. Агар дар пойгаи аввалин суръати миёнаи худрав 24 км/соат бошад, баъди 5 сол ин суръат ба 70 км/соат расид; соли 1904 суръати миёнаи худрав ба 100 км/соат, соли 1907 ба 114 км/соат баробар шуд. Рекорди суръати Автомобилро Э. Грини англис 15 октябри 1997 дар Автомобили реактивӣ (Thrust 2 SSC) гузошт, ки он ба 1229,78 км/соат баробар аст.

Намудҳои худрав

[вироиш | вироиши манбаъ]
Ford Mondeo истеҳсоли Аврупо

Аз рӯи таъйинот Автомобил нақлиётӣ, махсус ва пойгавӣ мешавад. Автомобили нақлиётӣ барои кашондани бор ва одамон хидмат мекунад ва ба он Автомобилҳои сабукрав, боркаш ва автобусҳо мансубанд. Автомобилҳои сабукрав болопӯшида ва болокушод мешаванд. Онҳо аз 2 то 8 мусофир кашонда метавонанд. Дар кузови Автомобилҳои боркаш аз 0,25 то 350 т ва аз он ҳам зиёд борро кашондан мумкин. Автомобилҳои боркаш бе кузов ҳам мешаванд (нигар Ядакмошин). Автобус барои кашондани мусофирон хидмат мекунад. Автомобилҳои махсус бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои иҷрои корҳои муайян (масалан, мошинҳои оташнишон, мошинҳои коммуналӣ, автолавка, автокран ва ғайра) хидмат мекунанд. Автомобилҳои пойга барои иштирок дар пойгаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла гузоштани рекорди суръат пешбинӣ шудаанд. Аз ҷиҳати гузароӣ Автомобилҳои дар роҳи худравгард, дар бероҳаҳо ва дар роҳҳои душворгузар мегаштагӣ мавҷуданд. Автомобил асосан аз муҳаррик, трансмиссия (механизми таҳвили қувва), қисмати гашт, механизми идора, таҷҳизоти электрикӣ, кузов барои кашондани бор ё мусофирон ва кабина иборат аст. Муҳаррики Автомобилҳои сабукрав ва боркаши камиқтидор бо бензин, муҳаррики Автомобилҳои пуриқтидор ва автобусҳои бисёрҷоя бо сӯзишвории дизелӣ (карасин, лигроин ва ғайра) кор мекунанд (нигар Муҳаррики худрав). Автомобилҳои муҳаррикашон бо газ коркунанда низ мавҷуданд. Муҳаррики худравҳои электрикӣ бо энергияи батареяи аккумуляторҳо кор мекунанд. Трансмиссия моменти чархзаниро аз муҳаррик ба ҳаракатдиҳандаи худрав (чарх, тасмачарх ва ғайра) таҳвил мекунад.

Қисмҳои атомобил

[вироиш | вироиши манбаъ]

Трансмиссия аз муфтаи илҳоқ (барои ба муддате аз муҳаррик ҷудо кардани трансмиссия ва боз ҳамвор пайваст кардани онҳо), қуттии таҳвил, таҳвили карданӣ, механизми таҳ­вили асосӣ ва дифференсиал иборат аст. Қисмати гаштро рама, овеза ва меҳвару чархҳо ташкил медиҳанд. Механизми идораи худрав системаи рул ва системаи тормозро дар бар мегирад. Системаи рули Автомобил барои тағйири самти ҳаракат хидмат мекунад. Дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳое, ки ҳаракати росттарафаи нақлиёт маъмул аст, Автомобилро аз тарафи чап идора мекунанд. Ин диди роҳро, алалхусус ҳангоми пешгузарӣ, беҳтар мекунад. Таҷҳизоти электрикии Автомобил аз манбаи ҷараён (батареяи аккумуляторҳо ва генератори электрикӣ, ки дар муҳаррик шинонда шудааст) ва истеъмолкунандаҳои он (системаҳои афрӯзишу корандоз, чароғҳои дохиливу берунӣ ва сигнализатсия) иборат аст. Сохти Автомобилҳо рӯз аз рӯз беҳтар мегардад. Такмили сохти Автомобилҳо ба омилҳои гуногун, масалан, шароити роҳу иқлим, шумораи мусофирон, ҳаҷми боркашонӣ ва ғайра вобаста аст. Ҳангоми тартиб додани лоиҳаи Автомобилҳо лоиҳасозон гунҷоиш, мустаҳкамӣ, муҳлати хидмат, гузароӣ, шакли зоҳирӣ, осонии идора барин сифатҳои онҳоро ба ҳисоб мегиранд. Дар бисиёри аз таърифҳои Автомобил, барои рондан дар ҷода сохта шудааст ва бештари вақтҳо чиҳор чарх дошта ва барои нишастани чиҳор то ҳашт нафар ҷо дорад ва барои интиқоли мусофир ва на аҷнос ва асосия ба кор меравад.[3]

Аз соли 2002, 590 милиён худрави мусофирбари дар ҷаҳон будаанд.[4]

Мошинаи сабукрав барои кашонидани одамон ва предмед хидмат мекунад ва онро барои бехбудии чамият хидмат мекунад.

  1. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 476.
  2. Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2007. — Т. 3 (f—h). — 496 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018550-7. (в пер.) — с. 427, 430
  3. (1976) Pocket Oxford Dictionary. L.: Oxford University Press. ISBN 0-19-861113-7.
  4. WorldMapper — passenger cars.. 21 июли 2007 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 ноябри 2017.