Jump to content

Гаҳвораҷунбон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гаҳвораҷунбон
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Mantis religiosa
(Linnaeus, 1758)
Вазъияти ҳифз

Гаҳвораҷунбон (лот. Mantis religiosa) — як навъ ҳашараи даранда.

Дар Аврупои Ҷанубӣ, Осиёи Пеш, Осиёи Марказӣ, Африқо, қисман дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Австралия дучор меояд. Ба Амрико низ бурда шудааст.

Тани дароз (наринааш 42-52 мм, модинааш 48-75 мм), сари секунҷа, чашмони калон ва пойҳои буғумнок дорад. Пойҳои пеши гавҳораҷунбон тараққӣ кардаанд, ки ба воситаи онҳо туъмаро дошта мегирад ва ҳангоми таҳдиди хатар ба пешу ақиб мисли «гаҳвора» алвонҷ мехӯрад. Гавҳораҷунбонҳо боли заиф доранд. Ранги гавҳораҷунбон вобаста ба маҳалли сукунат тағйир меёбад (сабз, зард, бӯр). Гавҳораҷунбонҳои дар рӯйи алаф ё бутта нишастаро аз барг ё шохча фарқ кардан душвор аст. Гавҳораҷунбон ҳаёти муқимӣ ба сар мебарад. Ҳаёти онҳо то ду моҳ давом меёбад. Дар сурати расидани ғизо муддати дароз метавонад дар як шохи рустанӣ ҷой гирад; гоҳе наринаи он парвоз мекунад. Ғизои гавҳораҷунбон ҳашарот ва кирминаи онҳост; ба калтакалосҳои хурд ва парандаҳо ҳам ҳамла мекунад. Модинаи баъзе навъи гавҳораҷунбонҳо дар вақти ҷуфт шудан ё баъд аз он сари наринаро канда, танашро мехӯрад. Гавҳораҷунбонҳои модина зери санг, дарахт, чӯб ва дигар ҷойҳо пила танида, то 300 дона тухм мегузоранд. Тухмҳои гавҳораҷунбон дар дохили пила (оотека) буда, ба сармои то −18°С тоб меоранд. Тани кирминаҳои гавҳораҷунбон бо хорчаҳои тез пӯшида шудааст; онҳо оотекаро фақат баъди тулаки якум тарк мекунанд. Кирминаҳо баъд аз 4 бор тулак кардан болиғ ва ба гавҳораҷунбон монанд мешаванд. Дар дунё зиёда аз 2000 навъи гавҳораҷунбон (Mantodea) маълум аст, ки асосан дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон 70 навъи гавҳораҷунбон дучор меояд, мас., Hierodula tenuidentata, Rivetina crossa, Armene robusta ва ғ. Баъзе гавҳораҷунбонҳо (гавҳораҷунбони дарахтгард, Риветинаи калон, Риветинаи Бей-Биенко, Риветинаи кондарагӣ, Амблитесписи Мишенко, Мантиси саркалон, Эмпузии шохбол ва ғайра) ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд. Гарчанде гавҳораҷунбонҳо барои одам зараровар нестанд, вале баъзе навъи онҳо занбӯри асал, саворак ва дигар ҳашаротро хӯрда, ба табиат зиён мерасонанд.

  • Бей-Биенко гавҳораҷунбон Я. Общая энтомология. М., 1966;
  • Акимушкин И. И. Занимательная биология. Смоленск, 1999;
  • Муҳиддинов С. М. Энтомологияи умумӣ. Д., 2000;
  • Захваткин Ю. А. Курс общей энтомологии. М., 2001.