Jump to content

Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Китоби сурхи Тоҷикистон)
Рӯнамои Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯнамои Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Нашри дуюм)
Тазарви тоҷикӣ. Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, С. 169

Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистонҳуҷҷати расмии давлатӣ буда, дар он маълумот оид ба намудҳои нодири набототу ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муҳофизат ниёз доранд, гирд оварда шудааст.

Зарурияти ҳифзи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонотро ба эътибор гирифта 1 марти соли 1979 бо қарори Совети Вазирони Тоҷикистон Китоби сурхи Тоҷикистон таъсис дода шуд. Нашри якуми Китоби сурхи Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба соли 1988 ба забони русӣ ва соли 1997 ба забони тоҷикӣ нашр гардидааст.

Нашри аввал

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар нашри якуми Китоби сурхи Тоҷикистон 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди рустаниҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ дохил гардида буд. Нашри аввали Китоби сурхи Тоҷикистон тӯли қариб 30 соли охир дар ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Дар асоси маълумотҳои ин китоб оид ба ҳифзи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонот чораҳои муассир таҳия ва амалӣ карда шуданд.[1]

Бо назардошти зарурияти омода намудани нашри дуюми Китоби сурхи Тоҷикистон, дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 таҳти № 121­ф гурӯҳи корӣ оид ба таҳия намудани Низомномаи нави Китоби сурхи Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони салоҳиятдори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардиданд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ Низомномаи нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуд. Низомномаи нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010 № 387 тасдиқ карда шуд ва он ҳуҷҷати асосӣ барои омода намудани нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Барои омода намудани нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 нафар олимон ва мутахассисони намоёни соҳаи ботаника ва зоология ҷалб карда шуданд.

Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуд рустаниҳо ва 222 намуд ҳайвоноте, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд дохил карда шудааст. Номгӯи намудҳои олами набототу ҳайвоноте, ки ба нашри дуюми Китоби сурхи Тоҷикистон тавсия карда шудаанд, бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи 2014 № 11 ва қарори комиссия оид ба олами набототу ҳайвоноти нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарордоштаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2014 № 1 тасдиқ карда шудааст.

Вазифаи асосии Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) арзёбӣ намудани ҳолати ҳифзи намуду зернамудҳои олами набототу ҳайвоноте мебошад, ки шумораашон маҳдуд гардида, ё ба ҳадди нестӣ расида, ба онҳо хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад.[2]

Категорияҳои ҳифзи табиат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар нашри дуюми Китоби сурхи ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои олами набототу ҳайвонот дар асоси талаботҳои Иттиҳоди байналхалқии ҳифзи табиат аз рӯи категорияҳои зерин арзёбӣ карда шудааст:

  • EX (Extinct) — Намудҳои маҳвгардида.
  • EW (Extinct in the wild) — Намудҳое, ки дар табиат маҳв гардидаанд.
  • CR (Critically Endangered) — Намудҳое, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор доранд.
  • EN (Endangered) — Намудҳое, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд.
  • VU (Vulnerable) — Намудҳои осебпазир.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон : Олами наботот ва ҳайвонот / Ш. Курбонов, А. Тошев. — нашри 2-юм. — Душанбе : Дониш, 2015. — 535 с. — ISBN 978-9975-45-07-7.
  • Красная книга Таджикской ССР : Редкие и находящиеся под угрозой исчезновения виды животных и растений / А.И. Соков. — Душанбе : Дониш, 1988. — 336 с.
  1. Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2015, с. 4.
  2. Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2015, с. 4-5.