Гверчино
Таърихи таваллуд | 8 феврал 1591[1][2][3][…] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 22 декабр 1666[1][2][3][…] (75 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Мамлакат: | |
Жанр | такчеҳра ва наққошии мазҳабӣ[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гверчино (Гуэрчино, итол. Guercino — «чашмолус»; номи аслӣ Ҷованни Франческо Барбйери, Barbieri) (тамъид 8 феврали 1591, Ченто, Феррара — 22 декабри 1666, Болоня) — мусаввири итолиёии мактаби Болоня.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар шаҳри Ченто таҳсил кардааст. Аз рассомон Л. Караччи, Караваҷо, Г. Рени ва рассомони венетсиягӣ Тинторетто, Якопо Бассано илҳом гирифтааст. Аслан дар Ченто ва Болоня, инчунин дар Венетсия (1618), Ферраре (1619), Рум (1621-23), Пияченсо (1626-27) ва Моден (1633-34) кор кардааст. Асарҳои беҳтарини ӯ дар солҳои 1620: фрескаҳо (нақшу нигорҳои рӯйи девор) дар казинои кӯшки (вилла) Лудовизи дар Рум (1621), «Маросими дафни Петрониллии муқаддас» (1621), «Меъроҷи бибӣ Марям» (1623). Г. дар ин давра зери таъсири Караваҷо бештар ба вусъати бандубаст, тазодди равшанию торикӣ ва эҳсосоти драмавии образҳо диққат медиҳад. Ӯ аз ҷиҳати рангомезӣ ба декоративизми бародарон Караччи наздик буда, ба осори намоишии ҳунари барокко низ майл дорад. Пас аз соли 1623 зери таъсири Рени комилан ба санъати класситсизм рӯй меорад. Аз соли 1642 сарвари Академияи санъати тасвирии Болоня буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 http://explore.rkd.nl/explore/artists/34463 — Netherlands Institute for Art History.
- ↑ 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 Guercino (нидерл.)
- ↑ Waterhouse E. Italian Baroque Painting — Лондон: Phaidon Press, 1962. — С. 108.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Свидерская М. И. Искусство Италии 17 века. М., 1999;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гверчино // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.