Гдиня

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Маҳалли аҳолинишин
Гдиня
лаҳӣ: Gdynia
Парчам[d] Нишон[d]
Парчам Нишон
Координатаҳо 54°29′00″ а. шим. 18°34′00″ т. ш.HGЯO
Роҳбар Wojciech Szczurek[d]
Коди телефон 58
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
[[Акс:|310px|Гдиня дар харитаи]]
Гдиня
Гдиня

Гдиня (лаҳӣ: Gdynia, польское произношение , Шаблон:Lang-csb, олмонӣ: Gdingen) — шаҳр дар шимоли Лаҳистон, дар воеводаи Поморск.

Дар соҳили халиҷи Гдански баҳри Балтика ҷойгир аст. Аҳолиаш 248 ҳазор нафар (2014). Якҷо бо шаҳрҳои Гданск ва Сопот ба агломератсияи ба ном «Сешаҳр» дохил мешавад. Гдиня дар ҷойи деҳаи моҳигирон пайдо шуд ва аз ин рӯ номи Гдиня-ро гирифт. Ба шарофати бунёди (1924-36) бандари бузурги баҳрии байналмилалӣ тараққӣ кардааст. Аз соли 1919 дар ҳайати Лаҳистон қарор дошта, соли 1926 мақоми шаҳрро гирифт. Аввалин киштӣ ба бандари Гдиня соли 1928 дохил шуд. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939-45) сипоҳиёни олмонӣ шаҳрро ишғол намуда, хароб карданд. Баъди ҷанг шаҳр аз нав барқарор карда шуд. Ба воситаи бандари Гдиня ба хориҷа ангишт содир гардида, маъдан, маҳсулоти нафт ва ғалла ворид карда мешавад. Саноати мошинасозӣ, хӯрокворӣ (моҳӣ, равған, гӯшт), моҳидорӣ тараққӣ кардааст. Гдиня мактаби олии баҳрӣ, академияи ҳарбию баҳрӣ, ин-ти таҳқиқоти илмии моҳигирӣ, театрҳои мусиқӣ, драма, опера, оперетта, филармония, осорхонаҳои уқёнусшиносӣ, қувваҳои ҳарбии баҳрӣ дорад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]


Шаблон:Poland-geo-stub