Гев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гев
Сурат
Падар Гударз
Ҳамсар Бонугушасп
Фарзанд Бежан
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гев (форсӣ: گیو‎) — яке аз ашхоси «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва дигар достонҳои ҳамосии мардуми эронинажод. Номаш дар «Фарвардин-яшт»-и Авесто ба шакли Гаевани омадааст. Инчунин дар осори адабиёти форсии миёна – паҳлавӣ «Бундаҳишн», «Занди Воҳуман-ясн» «Дотистони диник» ва ғ. аз ӯ ба шакли Вев (Вив) ёд шудааст.

Дар Шоҳнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи ривояти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Гев писари Гударзи Кашводгон, падари Бежан аст. Завҷааш – Бонугушасп духтари Рустам мебошад. Гев меболид ва ифтихор дошт, ки Рустам ӯро ба домодӣ пазируфтааст.

Гев дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар замони Кайковус пайдо мешавад. Ҳамроҳи Кайковус дар лашкаркашиҳо ба Мозандарон меравад, ба асорат гирифтор мешавад. Рустам Кайковусу паҳлавонони ҳамроҳаш, аз он ҷумла Гев-ро озод менамояд. Дар лашкаркашии Кайковус ба Ҳомоварон низ Гев ҳамроҳи ӯ буд. Замони ба Эрон ҳуҷум кардани Суҳроб Гев чун пайки Кайковус ба Сиистон равона мешавад, то ин ки Рустам барои ҳимояи Эрон биёяд. Аз ҷумлаи корномаҳои бузурги Гев бо супориши падараш – Гударз ба ҷустуҷӯи фарзанди Сиёвуш – Кайхусрав ба Турон рафтани ӯ мебошад. Гев дар Турон ҳафт сол Кайхусравро ҷустуҷӯ кард. Дар дашту биёбонҳо мегашт, ғизояш гӯшти гӯрхар, либосаш пӯсти гӯрхар буд. Вай Кайхусраву модараш – Фарангисро пайдо мекунад ва ҳамроҳи онҳо ба Эрон раҳсипор мешавад. Пирон – вазир ва сипаҳсолори Афросиёб аз омадани Гев ба Турон ва роҳи Эронро пеш гирифтанаш огоҳӣ меёбад. Гев бо лашкариёни Пирон меҷангад, чанде аз онҳоро мекушад. Пирон ба ҷанги ӯ мебарояд. Гев дар набард бо Пирон вонамуд мекунад, ки аз Пирон мегурезад; вақте ки Пирон аз лашкари худ дур меравад, Гев ба ҷанги ӯ меояд ва ӯро мағлуб мекунад. Мехоҳад ӯро бикушад, вале Фарангис Гев-ро аз ин амал бозмедорад, чунки Пирон ба Сиёвуш хайрхоҳ буд, завҷааш Гулшаҳр Фарангисро парасторӣ мекард. Азбаски Гев савганд ёд карда буд, ки хуни Пиронро бирезад, гӯши ӯро бурид ва ӯро ба асп баста, ба Турон ба назди Гулшаҳр равона кард, то ин ки вай бандҳои дасту пойи шавҳарашро бикушояд. Гев Кайхусраву Фарангисро ба Эрон овард. Кайковус барои ин кораш ба Гев мазҳари ҳокимияти Хуросон, Рай, Қуму Исфаҳонро дод.

Дар замони подшоҳии Кайхусрав низ Гев дар муҳориба-ҳо бо турониён иштирок мекард ва қаҳрамониҳо нишон медод. Вай паҳлавони туронӣ Тажовро, ки Баҳромро кушта буд, ба қатл расонд. Дар набарди Дувоздаҳрух Гев қотили Сиёвуш Гурӯйи Зиреҳро мағлуб кард ва дасту пояшро баста, ба назди Кайхусрав овард. Дар як сафари Кайхусрав Гев якчанд паҳлавони дигар ҳамроҳи ӯ буданд ва дар зери барфу бӯрон нопадид шуданд. Дар осори паҳлавӣ, ки дар оғоз номашон омадааст, Гев аз ашхоси ҷовидонӣ дониста шудааст, яъне ба дасти касе мағлуб нашуда, аз ин ҷаҳон рафт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома, ҷ-ҳои 2–4, Д., 2007, 2008;
  • Бундаҳиш. Д., 2006
  • پور داود. یشتها. تهران، ۱۳۵۲ ش.؛
  • جهانگیری علی. فرهنگ نامهای شاهنامه. تهران، ۱۳۶۹ ش؛
  • عادل محمدرضا. فرهنگ جامع نامهای شاهنامه. تهران، ۱۳۷۲.؛
  • حسین شهیدی ماذندرانی (بیژن) فرهنگ شاهنامه. نام کسان و جایها. تهران، 1۳۷۷؛
  • ش.ر صفا ذبیح الله. حماسه سرایی در ایران. تهران، ۱۳۸۷ ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]