Генерал
Генера́л (олмонӣ: General, аз лот. generālis — кулл, умум, солор) — дараҷаи низомӣ ё рутбаи фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст.
Маъмулан дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ ба кор меравад. Ин рутба нахустин бор дар садаи XVI дар Фаронса пайдо шуд. Дар Русия то инқилоби соли 1917 рутбаҳои генрал-лейтенант, генрал-фелдмаршал, генрали инфентария (лашкари пиёда), лашкари савора, артиллерия, муҳандис-генерал вуҷуд доштанд. Дар артиши Иттиҳоди Шуравӣ бо Фармони Президиуми Шурои Олии ИҶШС аз 7 майи 1940 чунин рутбаҳои генералӣ муқаррар шуданд: генерал-майор, генерал-лейтенант, генерал-полковник, генрали артиш (барои фармондеҳони қӯшунҳои умумӣ).
Дар артиши Тоҷикистон низ дар пайравӣ аз Артиши Шуравӣ ин рутбаҳо муқаррар шудаанд. Рутбаи генерал дар кишварҳои ҷаҳон бо номҳову дараҷабандиҳои гуногун дида мешавад. Мас., дар Эрон онро «артишбуд» меноманд ва болотарин дараҷаи ҳарбӣ аст.
Дар артиши ИМА рутбаҳои генерали бригада, генерал-майор, генерал-лейтенант, генерали артиш; дар Фаронса — генерали бригада, генерали дивизия, генерали корпус, генерали артиш.
Дар Олмон генерал аз лиҳози мартаба чаҳорум аст (пас аз генерали бригада, генералмайор ва генераллейтенант). Дар Лаҳистон низ Г. аз соли 2002 чаҳорумин дараҷаи баланд мебошад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Генерал // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.