Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Генерал-фелдмаршал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Генерал-фелдмаршал (олмонӣ: Generalfeldmarschall) — рутбаи олии низомӣ дар нерӯҳои заминии подшоҳии Олмон, Утриш ва Русия буд.

Нахустин бор дар садаи XVI дар артиши подшоҳии Олмон ба кор гирифта шуд. Дар артиши Русия Пётри Якум онро дар соли 1699 ҷорӣ кард ва то соли 1917 ба кор мерафт. Дар чандин кишвар, аз ҷумла Фаронса, он қиёсан ҳамрадиф ба дараҷаи маршал (маршал-генерал) буд. Бо таваҷҷуҳ ба дараҷабандӣ генерал-фелдмаршал баробар бо рутбаҳои генерал-адмирали флот, канслер ва ё мушовири мухтори дараҷаи аввали хадамоти мулкӣ шумурда мешуд. Дар аҳди Пётри Якум ҳамчунин рутбаи генералфелдмаршал-лейтенант (яъне муовини генерал-фелдмаршал, баландтар аз генерал-аншеф) низ роиҷ буд. Ин рутба ҳамчун ҷоизаи ифтихорӣ ғолибан ба хориҷиҳое дода мешуд, ки дар артиши рус хидмат намекарданд.

  • Бантыш-Каменский Д. Н. Биографии российских генералиссимусов и генерал-фельдмаршалов. В 4-х частях. М., 1991.