Гили сурх

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гили сурх (Rubrica sinopica ё Terra rubrica), гилсурх, гили мағра, тинулаҳмар, тинулмағра, бартисқун — навъи гил, ки сурх буда, дастро ранг мекунад.

Гили сурх аз замонҳои хеле қадим маъруф аст ва баробари гили махтум истихроҷу истифода мешуд. Дисқуридус (Диоскорид) онро Moltos sinopice номидааст (Sinopeus — шаҳр дар соҳили баҳри Сиёҳ). Ҳакими маъруфи арманӣ Амирдавлат Амасиасӣ тини аҳмарро мағра номида, беҳтарини онро ҳамоне донистааст, ки дар об ҳосил мешавад ва ранги сурхи равшан дорад. Ба ақидаи муаллифи «Бурҳони қотеъ» Муҳаммадҳусайни Бурҳон, «Бартисқун… ба луғати юнонӣ гили сурхро гӯянд ва ба арабӣ тинулаҳмар хонанд. Ва беҳтарини вай он бувад, ки аз Миср оваранд. Ва он қоиммақоми гили махтум аст». Дар замони Ҷолинус дар Ламнийа (Лемнос) аз теппае се навъ гил мегирифтанд. Ғайр аз гили сурх (бо он либос ва дуредгарҳо ҳини чӯбкорӣ таноб ранг мекарданд) ва гили махтум, боз гиле гирифта мешуд, ки баҳри шустушӯ ба кор мерафт. Ибни Сино дар «ал-Қонун фи-т-тиб» таъкид карда, ки беҳтарин навъи тинулмағра ҳамонест, ки сурхи баланд ва бағдодист, пок буваду дар об медамад ва фузун мешавад.

Табибони қадим ба хосиятҳои давоии гили сурх эътибори ҷиддӣ медоданд. Абумансури Муваффақ дар «Гиёҳнома»-и худ нигошта, ки «Гили мағра сард ва хушк аст, қобиз ва мар омосҳои гармро чун тило кунанд, манфиат диҳад ва чун бихӯранд, кирмро андар шикам бикушад. Ва чун вайро тило кунанд бар тан бо сирка ва навшодир, оташ бар тан кор накунад, агарчи андар оташ равӣ амдан». Буалӣ Сино аз қавли табиби искандаронӣ Булуси Эҷентӣ (615—690) оварда, ки ин гил аз ҷиҳати қабзовариву хушкониш нисбат ба гили махтум (гили набишта) беҳтар аст; решро давост, кирмҳоро бикушад ва аз болои тухми нимбиришт онро биошоманд, табиатро бибандад. Ҳамчунин Буалӣ онро ба бемориҳои ҷигар даво гуфтааст ва таъкид карда, ки андар қабзи шикам нисбат ба гили махтум қавӣ аст. Табиби арманӣ Амирдавлат Амасиасӣ оварда, ки гили сурх хосияти афисӣ дошта, биноиро қавӣ мегардонад. Сириштаи он бо сирка ва гулоб ба ҷароҳати сар давост. Хунпартоиро қатъ мегардонад. Агар онро ду дирҳам (5,884 г) истеъмол кунанд, ба бемориҳои шуш шифо мебахшад. Агар бо гилобаи Гили сурх ҳуқна кунанд, хуншории рӯдаҳо, ҳамчунин ҳайзи фаровонро боздорад. Агар аз он марҳам таҳия кардаву ба реши мақъад бибанданд, давои хуб аст. Меъёри якбораи истеъмоли Гили сурх (мағра)-ро Амасиасӣ ним мисқол (2,125 г) гуфтааст. Ҳамчунин ӯ таъкид кардааст, ки мағра ба сипурз (испурч) зарар ҳам дорад ва онро бо истеъмоли ангабин бартараф кардан мумкин аст.

Гили сурх дар амалияи тибби кунунӣ истифода намешавад, ҳол он ки дар гузашта давои хеле машҳур будааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Халифаев Д., Ҳоҷиматов М. Гил ва гилдавоӣ. Д., 2002.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]