Гимназияи № 53
Гимназияи № 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова (собиқ мактаби миёнаи № 53) – ноҳияи Исмоили Сомонӣ (собиқ ноҳияи Октябр) – шаҳри Душанбе.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Мактаби миёнаи № 53 11 январи соли 1965 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (собиқ ноҳияи Октябр) шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Ба сабаби афзудани шумораи наврасони синни мактабӣ дар кӯчаҳои ба номи Некрасов, Лоиқ Шералӣ, (собиқ Карл Маркс), М. Холов (собиқ Гогол), Рӯдакӣ, Чкалов ва душвории ба мактабҳои аз ҷойи истиқомат нисбатан дур ҷой гирифта, рафту омади наврасонро ба ҳисоб гирифта, бо қарори собиқ Кумитаи иҷроияи ноҳияи Октябр моҳи январи соли 1965 мактаби миёнаи рақами 53 кушода шуд. Мактаб толибилмонро аз мактабҳои рақамҳои 7, 10, 11 ва 34 ба даргоҳаш қабул кард.
Хатмкунандагон
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз дастпарварони гимназия 30 нафар дар тӯли 45 сол барои дониши аъло ва интизоми намунавӣ ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карданашон соҳиби медалҳои тило ва нуқра гаштанд. Инҳо: Насриддин Мамадкаримов, Маҳбуба Ғозиева, Гулнора Пулодова, Умед Мунавваров, Замира Ғафорова, Комрон Маъмуров, Фазилат Бойбобоева, Умед Рашидов, Сурайё Нурхонова, Ҳадя Сатторова, Муҳайё Акрамова, Марҳабо Алиева, Сурайё Рашидова, Хуршед Раҳмонов, Мавзуна Бобоева, Мансурхон Қудусов, Малика Маҳмудова, Шерозхон Маҳмудов, Мадина Файзуллоева ва дигарон.
Сарварон ва муаллимон
[вироиш | вироиши манбаъ]Роҳбарии ин даргоҳи маърифатро Муаллимони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Робия Маҷидова Розиқ Ҳамидов, Аълочиёни маорифи Тоҷикистон - Нори Пӯлодова, Майрам Шакармамедова, Соҷида Муродова, Гуландом Лоҳутшо, Ойдина Турдиева, Муҳаммадсиддиқ Абдураззоқов, Тӯрақул Ҷумъаев ва Раҳмоналӣ Таваров ба уҳда доштанд.
Таълимгоҳ бо омӯзгорони эҷодкор ва пуртаҷрибаи худ Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Муҳаббат Маҳмудова, собиқадорони меҳнат дорандаи ордени Ленин, Ш. Бурҳонова, Муаллими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю. Гафуров, Аълочиёни маорифи Тоҷикистон М. Асадова, М. Наимова, Р. Пулодова, М. Қаҳҳорова, З. Ботурова, Ҷ. Ҷумъазода, И. Ҷумъаева, Р. Наврӯзов, М. Диловарова, Н. Мирзоева, Р. Насруллоева, Б. Бобоева, М. Абдуллоева, Қ. Шукронаева, Н. Наврӯзова, З. Сарварова, Р. Абдусамадова, Каримова Ҳ ва дигарон фахр дорад, ки онҳо анъанаҳои неки омӯзгорони пешинаро давом дода, шуҳрати гимназияро дар миқёси ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ машҳур гардониданд.