Гинатрезия
Гинатрезия (аз юн. gune — зан ва атрезия) — баста шудани роҳи таносул дар пардаи бакорат, маҳбал ё бачадон.
Гинатрезия дар натиҷаи осеб (аз ҷумла ҳангоми таваллуд)-и узвҳои таносул, амалиёти ҷарроҳӣ (ҷарроҳии тармимӣ, исқот), илтиҳоб, таъсири доруҳои сӯзишовар ва радиоактив пайдо мешавад. Ҳангоми гинатрезия ихроҷи хуни ҳайз халал ёфта, он дар узв ҷамъ мегардад, ба пайдоиши гематоколпос (ёзиши маҳбал), гематометр (ёзиши бачадон) ва баъзан гематосалпинкс (ёзиши найчаҳои бачадон) шароити мусоид фароҳам меояд. Дар духтарон дар давраи балоғати ҷинсӣ ва дар занҳои синни таваллуд ҳайз қатъ гашта, зери шикам дард мекунад. Дард дар оғоз суст аст; баъд он авҷ гирифта, дил беҳузур мешавад, фаъолияти пешобдону рӯдаҳо халал меёбад.
Гинатрезияи пардаи бакорат нисбатан кам дучор меояд. Ҳангоми дар маҳбал гирд омадани хуни ҳайз пардаи бакорат варам карда, кабудтоб мегардад. Гоҳе маҳбали пурхун ёзида, ҷавфи коси хурдро комилан фаро мегирад ва бачадонро боло тела медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо хун мумкин аст дар ҷавфи бачадон низ ҷамъ шавад. Дар ин сурат бачадон курашакл шуда, дард мекунад. Ҳангоми гинатрезия и маҳбал (мас., дар натиҷаи зарб хӯрдан) хуни ҳайз аввал дар қисми болои он, сипас дар ҷавфи бачадон ва манигузарҳо гирд меояд.
Гинатрезияро аз рӯи маълумоти собиқаи беморӣ, муоинаи аъзои таносул, таҳқиқи ултрасадоӣ ва рентгенологии узвҳои коси хурд ташхис мекунанд. Барои пешгирии гинатрезия сари вақт муолиҷа кардани бемориҳои илтиҳобӣ, аз ҷумла вулвовагинити духтарчаҳо, дуруст таваллуд кунондани зан ва ғ. муҳим аст.
Гинатрезияро бо роҳи ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Ҳангоми сари вақт муолиҷа кардани бастагии пардаи бакорат, қисми поину миёнаи маҳбал ва роҳи гарданаи бачадон зан метавонад фарзанддор шавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гинатрезия // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.