Jump to content

Глэдвин Ҷебб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Глэдвин Ҷебб
англ. Hubert Miles Gladwyn Jebb, 1st Baron Gladwyn
24 октябри соли 1945 — 2 феврали соли 1946
Пешгузашта вазифа таъсис дода шуд
Ҷонишин Трюгве Лӣ

Таваллуд 25 апрел 1900(1900-04-25)[1][2][3][…]
Даргузашт 24 октябр 1996(1996-10-24)[1][2][3][…] (96 сол)
Падар Sydney Jebb[d][4][5]
Модар Rose Chichester[d][2][5]
Ҳамсар Cynthia Jebb[d][5]
Фарзандон Miles Jebb, 2nd Baron Gladwyn[d][2][5], Vanessa Mary Jebb[d][2][5] ва Stella Candida Jebb[d][2][5]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод Anglicanism[d]
Ҷоизаҳо
Knight Grand Cross of the Royal Victorian Order Салиби бузурги ордени Легиони Фахрӣ Knight Grand Cross of the Order of St Michael and St George Companion of the Order of the Bath
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳюберт Майлс Глэдвин Ҷебб, 1-ум барон Глэдвин, маъруф бо номи Гдэдвин Ҷебб (англ. Hubert Miles Gladwyn Jebb, 1st Baron Gladwyn 25 апрели 190024 октябри 1996) — дипломат, сиёсатмадори бритониёӣ ва аввалин иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид.

Писари Сиднӣ Ҷебб аз Фирбек Ҳолл, Йоркшир, Глэдвин дар Итон ва баъдтар дар Коллеҷи Магдаленаи Оксфорд таҳсил кардааст. Дар соли 1929, ӯ бо Синтия Нобл издивоҷ кард, ки вай писараш Майлз ва ду духтарро ба дунё овард: Ванесса, ки баъдтар бо муаррих Хйю Томас издивоҷ кард ва Стелла, ки ҳамсари олим Ҷоэл де Рознай шуд.

Карераи дипломатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Карераи дипломатии Ҷебб соли 1924 вақте ба Теҳрон фиристода шуд, оғоз ёфт. Дар он ҷо ӯ бо дипломат Ҳаролд Николсон ва нависанда Вита Саквилл-Вест мулоқот кард. Дере нагузашта, дар Идораи корҳои хориҷӣ дар Лондон, ӯ вазифаи котиби шахсии роҳбари Хадамоти хориҷиро гирифт.

Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар моҳи августи 1940, Ҷебб ба Департаменти ҷанги иқтисодӣ ҳамчун ёвари муовини котиби ин шуъба таъйин карда шуд. Соли 1942 ӯ сардори Раёсати барқарорсозӣ таъйин шуд ва соли 1943 Ҷебб мушовири Вазорати корҳои хориҷии Бритониё шуд. Дар ин вазифа, ӯ дар конфронсҳои сершумори байналмилалӣ, аз ҷумла дар Теҳрон, Ялта ва Потсдам ширкат варзид.

Иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли СММ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, Ҷебб ҳамчун котиби иҷроияи Комиссияи омодагии Созмони Милали Муттаҳид иҷрои вазифа мекард. Аз моҳи октябри соли 1945 то феврали соли 1946 ӯ иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид буд. 2 феврал Трюгве Лӣ-и норвегӣ дабири кулли СММ интихоб шуд.

Ҷебб ба Лондон баргашт, ва ҳамчун муовини вазири корҳои хориҷии Бритониё Эрнест Бевин хидмат мекард. Дар солҳои 1946-1947 ӯ инчунин мушовири умури хориҷии СММ буд, сипас дар имзои Паймони Брюссел дар соли 1948 Бритониёро намояндагӣ мекард. Солҳои 1950-1954 Ҷебб сафири Британияи Кабир дар СММ ва солҳои 1954-1960 — сафир дар Фаронса буд.

Карераи сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз гирифтани унвони барон Глэдвин, 1960, Ҷебб узви Ҳизби либерал гашт. Аз соли 1965 то 1988 муовини раҳбари ҳизби либералӣ дар палатаи лордҳо ва котиби оид ба корҳои хориҷӣ ва мудофиа буд. Аз соли 1973 то 1976 ӯ ҳамчун узви парлумони Аврупо хидмат кардааст, ки он ҷо ҳамзамон муовини раиси кумитаи сиёсии парлумон буд. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки чаро вай дар ибтидои солҳои 60-ум ба ҳизби либерал пайваст, Ҷебб посух дод, ки либералҳо ҳизби бидуни пешво ҳастанд ва ӯ раҳбари бидуни ҳизб аст. Вай ба мисли бисёр либералҳо боварӣ дошт, ки маърифат калиди ислоҳоти иҷтимоӣ мебошад.

Фаъолияти дигар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷебб ошпази хуб буд ва вақти зиёд Кумитаи машруботии ҳукумати Британияро раҳбарӣ мекард. Вай инчунин тирандози хубе буд, ки ҳамеша ба кишоварзӣ таваҷҷуҳ дошт.

Барон Глэдвин соли 1996 даргузашт ва дар Санкт Эндрю, Брамфилд, Суффолк дафн карда шуд.

Инчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 Lundy D. R. The Peerage (ингл.)
  3. 3.0 3.1 Munzinger Personen (нем.)
  4. Oxford Dictionary of National Biography (ингл.) / C. MatthewOxford: OUP, 2004.
  5. 5.0 5.1 5.2 5.3 5.4 5.5 Kindred Britain
  6. Mackie C. (unspecified title)Foreign, Commonwealth and Development Office.

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]