Гобой

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гобой
Нигора
Ҷоизаҳо
Playing range image
Hornbostel-Sachs classification 422.112-71
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гобо́й (аз фр. hautbois, лафзан «дарахти баланд», англ. oboe, итол. oboe, олмонӣ: Oboe) — сози мусиқии нафасии чӯбӣ, ки ба сурнай монанд аст.

Дарозии умумиаш 59–61 см. То охири асри 18 гобой танҳо 6 сӯрох ва 2 супо (сарпӯшак)-и садобарор дошт. Гобойи феълӣ 25 сӯрох дошта, 22–24-тоаш чун сӯрохи садобарор истифода мешаванд (6 сӯрох сарпӯшак доранд). гобойро бо мадади забончаи қимишӣ, ки дар нӯги болоии он пайваст карда мешавад, менавозанд. Диапазонаш аз «си» ё «си-бемол»-и октаваи хурд то «фа»-и октаваи севвумро фаро мегирад. Нотааш дар калиди скрипка сабт мешавад. Гобой ду навъ аст: фаронсавӣ ва олмонӣ. Гобойи фаронсавӣ маъмултар буда, садои ҷарангосии хира дорад. Диапазонаш h – f3. Садои гобойи олмонӣ димоғию хирӣ аст. Дар байни созҳои нафасии чӯбии оркестрҳои симфонӣ ва операвӣ гобой ҷои намоёнро ишғол мекунад. Дар партитура аз поёни флейта ҷойгир аст. Ҳамчун сози якканавозӣ ва ансамблӣ маъмул мебошад. гобой дар иҷрои навоҳои лирикӣ ҳамто надорад. Чанд навъи гобой вуҷуд дорад: гобойи хурд (ба тарзи кварта), гобойи алтӣ ё худ сурнайи англисӣ (ба тарзи терсия, аз гобойи маъмулӣ пасттар), ки дар партитураҳои И. С. Бах ва баъзе асарҳои симфонии асри 20 вомехӯрад: гобойи дʻамур ва геккелфон.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Музыкальный энциклопедический словарь. М., 1990;
  • Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат. Д., 2003.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]