Jump to content

Гордо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гордо
?
Макон
Парвандаҳо дар Викианбор

Гордо (Логу-ди-Гордо, итол. Lago di Garda, қад. кӯли Бенокус лот. Benacus lacus) — кӯл дар қисми шимолии Итолиё, дар доманаи кӯҳҳои Алп.

Масоҳаташ 370 км², умқаш то 346 м, умқи миёнааш 136 м, баландиаш аз с. б. 65 м. Масоҳати ҳавзааш 2350 км². Гордо дар натиҷаи заминҷунбӣ ба вуҷуд омада, манбааш обҳои барфу пирях мебошад. Ба кӯл д.-и Сарка рехта, аз он д.-и Минчо (шохоби чапи д.-и По) ҷорӣ мешавад. Ҳавзаи баромадаш яхбандии тектоникӣ. Гордо калонтарин кӯли Итолиё, яке аз марказҳои асосии сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Киштигард аст ва дар он моҳидорӣ рушд кардааст. Аз Гордо равғанмоҳӣ, гулмоҳии итолиёӣ, шӯртан, налим, шӯрмоҳӣ шикор мекунанд. Дар соҳили кӯл осоишгоҳҳои Бардолино, Гарда, Сирмионе, Малчезине, Рива, Пескйера-дел-Гарда, Гарняно, Лимоне-сул-Гарда воқеанд. Дар канори Гордо боғи истироҳатии кӯдаконаи Гардаленди Итолиё, аквапарки (боғи обии) Canevaworld, чаҳорбоғи дилхушии Мувиленд ҷойгиранд. Аз сабаби дар байни марказҳои бузурги сайёҳӣ — Милан ва Венетсия воқеъ будани Гордо дар соҳилҳои он зуд-зуд шоубарномаҳо ва намоишгоҳҳои мӯди тарроҳони номдор баргузор мешаванд.