Алп

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Кӯҳҳои Алп)
Алп
?
Мушаххасот
Масоҳат
  • 190 000 км²
Дарозӣ
  • 1 200 км
Паҳно280 км
Макон
Парвандаҳо дар Викианбор

Алп, кӯҳҳои Алп (аз келтӣ alp — кӯҳи баланд; олмонӣ Alpen, фаронсавӣ Alpes, италиявӣ Alpi) — силсилакӯҳи баландтарини Аврупои Ғарбӣ. Воқеъ дар ҳудуди Италия, Фаронса, Суис, Утриш, Олмон, Ислувенӣ ва Лихтенштейн. Қуллаи баландтаринаш 4407 м (к. Монблан дар Алпи Совӯй). Дарозиаш қариб 1200 км, бараш аз 50 — 60 км (дар Ғарб) то 240—260 км (дар Шарқ), масоҳаташ қариб 220 ҳазор км². Алп силсилаи мураккаби қаторкӯҳҳо ва массивҳоест, ки аз Баҳри Лигурия то ҳамвории Дунайи Миёна ва ҳавзаи дарёи Вен камоншакл тӯл кашидааст. Дар ҳудуди он водиҳои сабзу хуррам воқеанд. Ағбаҳои асосии алп — Симплон, Сен-Готард, Бреннер, Сен-Бернари Калон ва Хурд, Мон-Сени. Водии амиқе, ки дар байни кӯлҳои Боден ва Комо ҷойгир аст, алпро ба қисмҳои ғарбӣ ва шарқӣ ҷудо мекунад. Алпи Шарқӣ (баландиаш то 4049 м, қ. Бернина) нисбат ба Алпи Ғарбӣ (Алпи фаронсавӣ — италияӣ — суисӣ) пасттар ва фарохтар аст. Алп кӯҳҳои ҷавон буда, дар давраи чиндоршавии олпӣ ба вуҷуд омадааст. Релефи Алп вобаста ба сохти геологӣ хеле гуногун аст. Дар ташаккули релефи ҳозираи кӯҳҳо нақши эрозияе, ки аз таъсири об ва ҳаракати пиряхҳо ба вуҷуд омадааст, хеле бузург аст. Минтақаи марказии баландтарини алп аз ҷинсҳои кристаллӣ ва метаморфии қадим, минтақаҳои атрофи он аз оҳаксангу доломитҳо, таҳнишастаҳои флишию (бӯр, палеоген) молласии эраи мезозой ва нисбатан ҷавонтар таркиб ёфтаанд. Пиряхҳои наздиводигӣ ба доманакӯҳҳо расида, ба пайдошавии кӯлҳои наздиалпӣ мусоидат кардаанд (Комо, Гарда, Лаго-Маҷоре, Женев ва Боден). Дар алпи Савойя чуқуртарин ҷариҳои карстии рӯи замин — ҷарии Жан-Бернар, шаш ҷарии аз 1000 м чуқуртари алпи Утриш, силсилаи ғорҳои Хёллохи Суис (149 км, 3-юм дар ҷаҳон ва 2-юм дар Аврупо) ҷойгиранд. Алп аз канданиҳои фоиданок бой аст: конҳои оҳан (дар Эртсберг, Алпи Австрия), қӯрғошиму руҳ, мис (Инсбури), ангишт (Бриансонне), пирити мисдор ва ғайра Иқлими алп кӯҳӣ, дар доманаи кӯҳҳо — мӯътадил, дар қуллаҳо — сард. Теғаҳо бо барфҳои доимӣ ва пиряхҳо пӯшида шудаанд. Майдони умумии пиряхҳо 4140 км². Бориши бештарин (то 4500 мм дар як сол) дар қисми италиявии алп мушоҳида мешавад. Дар нишебиҳои қисми шимол ва ҷанубии алп сатҳи бориш ба 2000 — 3000 мм мерасад. Дар водӣ ва хамиҳои байни кӯҳҳо, ки хусусияти иқлими континентӣ доранд, бориши солона кам аст (500—800 мм). Вобаста ба баландӣ қабати барф ҳам зиёд шуда, то ба 7 — 8 мерасад. Фасли баҳор тармафароӣ мушоҳида мешавад. Алп — гиреҳи асосии гидрографии Аврупо аст. Дарёҳои аз алп ҷоришаванда сероб ва серостона, манбаи ғании гидроэнергетика буда, мансуби ҳавзаҳои Баҳри Шимолӣ (дарёи Рейн бо Ааре ва дигар шохобҳояш), Баҳри Сиёҳ (шохоби рости Дунай — Иллер, Лех, Инн, Энс, ҷараёни болоии Драва), баҳрҳои Адриатика (дарёҳои Адиҷе, По бо шохобҳои чапаш), Лигурия ва халиҷи Лион (дарёи Рона бо шохобҳои чапаш) мебошанд. Кӯлҳои алпӣ, ки сарчашмаашон пиряхҳост, хеле хушманзараанд: Женева (масоҳаташ 581 км², калонтарин), Боден, Тун, Бриентс, Лаго-Маҷоре, Комо, Лугано, Гарда ва ғайра. Кӯҳҳои Алп аз рӯи ландшафт ба минтақаҳои зерин тақсим мешаванд: то баландии 800 м — маҳалҳои аҳолинишин, боғу киштзорҳо, макони корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ (парвариши сабзавот, меваҳо) ва чорводорӣ, соҳили кӯлҳо — маҳалҳои курортӣ; баландии 800—1800 м — бешаҳои паҳнбарг (булут, шамшод) ва сӯзанбарг (коҷ, санавбар ва ғайра), майдонҳои кишти ғалла ва ғалладонагиҳо, хоҷагиҳои ҷангал, чорводорӣ; минтақаи субалпӣ (то баландии 2300 м) — рустаниҳои буттаӣ, марғзори алафаш баланд, чарогоҳҳо, инчунин курортҳои баландкӯҳ, пойгоҳҳои туристӣ; минтақаи баландкӯҳи алпӣ (2500 м ва бештар) — аз марғзорҳои камалаф то макони барфҳои доимӣ ва пиряхҳо; минтақаи баландтарини нивалӣ — танҳо баъзе қисмҳои Алп — қуллаҳои баландтаринро фаро гирифта, саросар яхистон ва ҳаёти органикиаш ноқис аст. Дар Алп аз ҳайвонот ғизол, гавазн, гуроз, гург, рӯбоҳ, гурбаи ваҳшӣ, хаз, савсор, қоқум, санҷоб, росу, харгӯш; аз парандагон чилмурғ, дурроҷ, чархресак, зоғ, гунҷишк, ҷалғӯзахӯрак ва ғайра вомехӯранд. Дар кӯҳҳои Алп нақбҳои зиёд кандаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]