Грета Гарбо
Грета Гарбо | |
---|---|
англ. Greta Garbo | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 18 сентябр 1905[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 15 апрел 1990[4][5][6][…] (84 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, бозигари синамо, ҳунарпешаи театр |
Корнома: | 1920 — 1941 |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0001256 |
gretagarbo.com(англ.) | |
![]() |
Грета Га́рбо (англ. Greta Garbo, 18 сентябр 1905, Стокҳолм, Суэд — 15 апрели 1990, Ню-Йорк, ИМА), дар хурдӣ Грета Ловиса Густафссон (швед. Greta Lovisa Gustafsson) — ҳунарпешаи амрикоии шведитабор.
Зиндагинома[вироиш]
Солҳои 1922-24 дар Омӯзишгоҳи салтанатии театри драмаи Стокҳолм таҳсил кард. Соли 1922 дар кино қувва озмуд. Нахустин нақшҳои чашмрасро дар филмҳои «Достони Йеста Берлинг» (1924, Шветсия), «Паскӯчаи ғамзада» (1925, Олмон) офарид. Соли 1925 ба Ҳолливуд омад. Г. дар филмҳо тимсоли драматикии занони идеалиеро офарид, ки пур аз шӯру илмҳом ва ё дурафтодаву маҳзунанд (филмҳои «Селоб», 1926; «Ҷисм ва шайтон», 1927; «Муҳаббат», 1927; «Бонуи илоҳӣ», 1928). Бо зуҳури кинои овоздор, пас аз аввалин бозии муваффақиятомез дар филми «Анна Кристи» (1930), Г., ки садои дурушту ҷаззобе дошт, ночор дар мелодрамаҳо нақшҳои васвасаангез бозид («Илҳом»; «Барору нобарориҳои Сюзанна Ленокс»; «Мата Хари», ҳама — соли 1931; «Ту маро чӣ гуна мехоҳӣ», 1932). Ӯ эҳсоси печидаю ноаёни қаҳрамонони хешро дар филмҳои сабки классикӣ бо зарофату самимият бозӣ кардааст («Шоҳбону Христина», 1933; «Анна Каренина», 1935; «Хонуме бо дастагули камола», 1937). Соли 1941 аз саҳнаи кино рафт.
Ҷоизаҳо[вироиш]
Барои саҳми шоистааш дар ҳунари кино бо ҷоизаи «Оскар» сарфароз гардидааст.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 Katarina kyrkoarkiv, Födelse- och dopböcker, SE/SSA/0009/C I/38 (1905), bildid: 00006820_00152 — С. 118.
- ↑ Munzinger Archiv (нем.) — 1913.
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
- ↑ Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ German National Library, Berlin State Library, Bavarian State Library, Austrian National Library Record #118537571 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
Адабиёт[вироиш]
- Г. Гарбо // Киноведические записки. 1991. № 9;
- Дмитриева В. Г. Гарбо // Великие и неповторимые. М., 1993;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008..
Сарчашма[вироиш]
- Гарбо Грета // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.