Гудронатор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гудронатор (англ. tar paver, road oiler, oil-tar spreader; олмонӣ: Goudronieranlage) — мошини махсус барои баробар ва ҳамвор рехтани масолеҳи часпаки органикии гудронӣ (битум, қатрон, зифт) дар роҳсозӣ.

Гудронатор масолеҳи часпакро то 150—180°С гарм карда, ба меъёри муайян (0,5-10 л/м² дар паҳнои 1-7 м) ҳамвор мерезад. Навъи маъмули гудронатор автогудронатор мебошад. Дар шассии автомобил зарф (то 7 000 л), системаи гармкунӣ ва резиш насб шудаанд. Гудронатор бо афзори ченкунӣ, назорат, монометр ва ҳароратсанҷ муҷаҳҳаз аст. Гудронаторҳои дастии зарфияташон 200—500 л маъмулан барои тармими роҳҳо истифода мешаванд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]